Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов: Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди ҷомеъаи демократӣ устувор қадам мегузорад



Соҷидаи Мирзо

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов шаҳрвандони кишварро ба муносибати соли нави 2001ум табрик кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов шаҳрвандони кишварро ба муносибати соли нави 2001ум табрик кард. Ҷаноби Раҳмонов гуфт, баъди дастрасӣ ба истиқлолият, сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди ҷомеъаи демократӣ устувор қадам мегузорад. "Вақт нишон дод, ки дар интихоби роҳи пешбурди давлат мо иштибоҳ накардем"- афзуд президент Раҳмонов. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, истиқлолияти энержӣ ва истеҳсолии кишварро омили асосии истиқлолият номид. Ба гуфтаи у дар айни замон таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон ба итмоми се иншооти бузург- нирӯгоҳҳои барқии Сангтудаву Роғун ва тунели Анзоб бастагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG