Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Солномаи 2000



Салими Аюбзод

Муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соле ки ба поён расид.

Соли дуҳазори Тоҷикистон дар партави интихоботи президентии моҳи ноябри соли пеш бо ташкили ҳукумати нав, идомаи оромтари раванди сулҳ ва омодагӣ ба интихоботи парламентии кишвар оғоз гирифт. Эмомалӣ Раҳмонов, ки бори дуюм президент интихоб шуда буд, дар моҳи апрел ташкили ҳукумати навро ба поён расонд ва дар ҷараёни он вазири иқтисодиёт ва равобити иқтисодии Тоҷикистон, намояндаи Иттиҳоди оппозисюн Давлат Усмонро, ки дар интихоботи президентӣ бо ӯ вориди рақобат гашта буд, барканор сохт. Ҳамчунин чаҳор намояндаи оппозисюн аз курсиҳои худ дар раёсати шаҳру навоҳӣ маҳрум шуданд. Раиси кумисюни оштии миллӣ, сарвари иттиҳоди оппозисюн Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз ин воқеъаҳо изҳори ташвиш карда, гуфт, барканории намояндагони оппозисюн аз мансабҳои давлатӣ метавонад боиси ҷабҳагириҳои нав шавад. То нимаи аввали сол ҷойивазкунии амалдорон дар ҳукумат давом карда, додситони нав таъйин гардид ва ниҳоди нави Шӯрои адлия таъсис ёфт, ки як навъ такроркунандаи кори вазорати адлия номида шуд. Бо вуҷуди дигаргуниҳо ҳастаи ҳукумат ба ҳамон шакли панҷ сол пеш боқӣ монд ва созмонҳои байнулмилал дар гузоришҳои худ, ҳукуматро ҳамоно ба маҳдуд будан дар доираи хурди ноҳиявию маҳаллӣ танқид карданд. 27уми апрел нахустин нишасти ҳукумати нав таҳти сарварии президент Раҳмонов баргузор шуда, дар он барномаи кори ҳукумати нав эълон гардид, ки дар он назму тартиби иқтисодӣ, пешгирӣ аз ҷиноятҳои иқтисодӣ, таъмини амният ва таҳкими равобит бо кишварҳои мушатаркулманофеъ ва қабл аз ҳама Русия мақоми асосӣ доштанд. Аммо ба зудӣ маълум гардид, ки сохтори идории ҳукумат ба иҷрои вазифаҳои нав созгор нест. Бо тавсияи Банки Ҷаҳонӣ ҳайъати тарроҳи ислоҳоти сохторӣ ташкил шуд, ки омезиши вазорату идораҳо ва ихтисори шумори онҳоро тарҳрезӣ намуд. Ҳамин тариқ ҳукумати Тоҷикистон дар оғоз, нимароҳ ва охири соли дуҳазорум дар рӯҳияи кори муваққатӣ ва интизории дигаргуниҳои нав амал кард. Интихоботи парламентии 27уми феврал, ки бо пирӯзии чашмгири ҳизби ҳоким--Ҳизби халқию Демократии президент Раҳмонов поён ёфт, ба таркиби ҳукумат таъсир нарасонд ва интихоботи чандҳизбӣ, ки зоҳиран мебоист, эътилофи аҳзобро дар ташкили ҳукумат талаб мекард, чунин вазифаро иҷро карда натавонист. Ҳизбҳои гуногун, номзадҳои мухолиф ва мустақил аз тарзи баргузории интихобот, мамониат дар сабти ном, муносибати нобаробари кумисюнҳои интихоботӣ ва расонаҳои таблиғотӣ норозӣ ва ноумед боқӣ монданд. Ҳайъати муштараки Созмони Милал ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо бо зикри пешрафти хурд, интихоботро ноозод ва ноодилона номиданд. Сухангӯи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Ҳрайр Балиян гуфт, бо вуҷуди як қадам ба пеш ва дар фазои осойишта ҷараён гирифтани овоздиҳӣ, интихобот натавонист ба меъёрҳои озоду одилонаву шашффоф будан ҷавобгӯ бошад. Намояндаи Созмони Ҳюман Райтс дар Тоҷикистон Мери Стратерс қонуншиканиҳои дуруштро дар ин маърака зикр намуд. Ҳамин тариқ 20 курсии парламент ба ҳизби ҳоким, 13 курсӣ ба коммунистон ва 2 ҷойи нишаст ба Наҳзати исломӣ расида, 15 вакиле, ки мустақил шумурда мешаванд, ошкор ва ё ноаён ба ҳизби Халқию демократӣ пайвастанд. Ҳизби демократ, адолат ва тараққӣ, сотсиалист ва ғайра аз монеаи панҷдарсада гузашта натавонистанд. Созмонҳои байнулмилал аз фишору таҳдид дар ҷараёни интихобот низ ҳарф заданд. Дар ин давра бар зидди шаҳрдори Душанбе Маҳмадсайид Убайдуллоев, ки дертар раиси палатаи болоии парламент интихоб шуд, сӯиқасд сурат гирифт, ки дар асари он тасодуфан шахси дигар--Шамсулло Ҷобиров, муовини вазири амният ва номзади интихобот ба ҳалокат расид. Чанд таркиши дигар дар шаҳри Душанбе ба эътидоли нисбии авзоъ таъсир расонд. Дуюми феврал дар Хоҷамбиё автобусе тарконида шуд, ки ҳафт мусофираш ба ҳалокат расида, зиёда аз бист тани дигар маҷрӯҳ гашт. Ниҳодҳои қудратии ҳукумат оғози амалиёти вижаи "Тартибот"-ро эълон карданд. Нақши афроди мусаллаҳ ва гурӯҳҳои ҷиноӣ дар фишор ба интихобкунандагон назар ба интихоботҳои гузашта камтар бошад ҳам, эҳсос шуд. Дертар худсарӣ ва зӯроварии афроди мусаллаҳ ва хидматчиёни ҳарбӣ яке аз масъалаҳои рӯз табдил ёфт. Президент Раҳмонов фармон дод, ки бо силоҳ ва техникаи низомӣ берун баромадани хидматчиён аз қисмҳои ҳарбӣ қатъиян манъ аст.

Барои таҳкими назм дар артиш хидматчиёни қарордодӣ аз он хориҷ карда шуданд. Аммо боқӣ мондани силоҳи зиёд дар дасти аҳолӣ, мавҷудияти гурӯҳҳои ба истилоҳ "фаромӯшшудаи" иттиҳоди оппозисюн дар шарқи мамлкат ва заъфи назорати куллӣ ба баъзе маҳалҳо боз борҳо мушкилоти амниятиро ба бор овард, ки калонтарини онҳо дар ноҳияи Дарбанд ба мушоҳида расид. Аммо пеш аз ин воқеъа, баъд аз интихоботи парламентӣ ҳамчун анҷоми давраи гузариш, Кумисюни Оштии Миллӣ аз поёни кори худ хабар дода бошад ҳам, сарвари он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зикр кард, ки як қисми масъалаҳои муҳими созишномаи сулҳ иҷро нашуданд. Махсусан сарнавишти як қатор гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Ғарм, Тавилдара ва Дарбанд норӯшан боқӣ монд.

Ба дунболи поёни кори Кумисюни оштӣ намояндагии Милали Муттаҳид бо қаноатмандӣ аз дастёфти Тоҷикистон ба сулҳу эътидол эълон кард, ки хосияти корашро дар кишвар иваз мекунад. Дафтари Нозирони ҳарбии Милали Муттаҳид ба Идораи Милали Муттаҳид дар танзими эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон табдил гашт. Иво Петров, раҳбари ин ниҳод дар суханронияш дар НюЙорк 15 май, ҳифзи дастовардҳои сулҳро ба иродаи ду ҷониб бастагӣ дод. Ва аммо эътидол ҳамоно таҳти таҳдид қарор дошт. Ғоратгарӣ, раҳзанӣ, набуди амнияти аҳолӣ ҳанӯз ташвишу изтироби мардумро ангезиш медоданд. Бистуми май раиси кумитаи садо ва симои Тоҷикистон, нависанд Сайф Раҳимзод дар назди хонааш кушта шуд. Ронандаи захмигаштаи ӯ, ки шоҳиди ҳодиса буд, дертар дар шароити шубҳанок ба қатл расид. Даҳ рӯз дертар дар шоҳроҳи Душанбе--Ғарм райиси ноҳияи Ғарм Сироҷиддин Давлатов ҳадафи камин қарор ёфта, ҳалок гашт. Таркишҳо дар Банки Миллӣ, чанд фурӯшгоҳ, калисои Сонми ва ҳатто шӯъбаи умури дохилӣ, ҳамла ба идораи Ориёнбанк, қатли як оилаи ёздаҳнафара дар Теппаи Самарқандӣ, гаравгонгирӣ дар Додгоҳи Олӣ, боздошту хироҷситонӣ дар роҳҳо аз аломатҳои нооромии вазъ дар нимаи сол гувоҳӣ медоданд. Аз моҳҳои апрелу май гирифта, ду омили таҳдид ба оромӣ, яке мавҷудияти гурӯҳҳои аз раванди сулҳ берунмондаи собиқ оппозисюн дар водии Рашт ва дигаре даъвои Ӯзбакистони ҳамсоя дар бобати таълимгоҳи нирӯҳои Ҷумъаи Намангонӣ дар Тавилдара дар маркази диққат қарор гирифтанд. Раҳбарияти Тоҷикистон ҳарду омилро рад кард ва танҳо замоне ки дигар пинҳон доштани Ҷумъаи Намангонӣ ғариимкон гардид, ҳайъати давлатӣ ва чанд бор сарвари Наҳзати исломии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Тавилдара сафар карда, ниҳоят эълон карданд, ки Намангонӣ ва тарафдоронаш қаламрави Тоҷикистонро тарк намуданд.

Дар моҳи июн заминаи бӯҳрони Дарбанд, марбут ба исми фармондеҳ Мулло Абдулло падидор гардид, вале ҳукумат дафъатан ба он вокуниш нишон надод. Кишвар ба ҷамъомади Панҷгонаи Шанхай омодагӣ медид ва аз ин рӯ ҳатто кӯшиш ба кор рафт, марги шоири маҳбуби тоҷик Лойиқ Шералӣ чанд рӯз эълон карда нашавад. Дар ҳафтаи аввали июл дар шаҳри Душанбе сарони Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон гирд омаданд. Бавижа ҳузури президент Ислом Каримов барои беҳбуди равобити миёни Душанбе ва Тошканд муҳим буд. Ҳайъатҳои ду тараф масъалаҳои марзиро баррасӣ мекарданд ва ҳам аввалин парвози ҳавопаймо миёни ду пойтахт баъди ҳашт сол эҳё мегашт. Аввали моҳи август аз ҳаракати гурӯҳҳои ношиноси мусаллаҳ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон хабар нашр гардид ва дертар аз ҷангҳо дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбакистон иттилоъ пахш шуд. Яке аз сарони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон Тоҳир Юлдош масъулияти ҳам ин воқеъа ва ҳам ҳамлаи соли гузаштаи Бодкандро бар дӯши созмони худ гирифт. Матбуоти Русия, ҳукуматҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон Тоҷикистонро дар додани паноҳгоҳ ба мусаллаҳони ҳаракати исломии Ӯзбакистон, гузашта аз ин дар кӯмак ба ин гурӯҳҳо айбдор карданд. Мақомоти Тоҷикистон ба такрор ин айбмониҳоро рад карданд, аммо таҳшине аз ин ҷӯшишҳо дар косаи ҳамсоягӣ боқӣ монда, ба муносибати миёни ин мамолики Осиёи Марказӣ таъми талх ворид намуд. Мутаносибан ҳамкориҳои ҳарбии Русияву Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шимоли Афғонистон афзойиш ёфта, дар муносибати Тошканд ба Толибони афғон нармиш ба миён омад. Охири моҳи ноябр дар Душанбе аввалин бор дидору гуфтушуниди ошкорои вазири дифоъи Русия Игор Сергеев ва фармондеҳи Иттиҳоди шимол Аҳмадшоҳи Масъуд баргузор гашт. Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ҷанги зидди гурӯҳи Мулло Абдулло ғолиб омада, 15 нафар аз аъзои дастаи ӯро ба ҳалокат расонданд. Худи фармондеҳ эълон кард, ки ба ҳаёти осойишта бармегардад ва дар ноҳияи Кофарниҳон сокин шуд.

Дар нимаи дуюми соли дуҳазорум даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар минаҳои марз бо Ӯзбакистон ба ҳалокат расиданд ва ё маъюб шуданд. Дар марзҳои ҷанубӣ бар изофаи афзойиши бесобиқаи қочоқи ҳеройин ва задухӯрдҳои мусаллаҳона бо қочоқбарон ташвиши нав дар шакли вуруди 15 ҳазор паноҳандаи афғон ба ҷазираҳои марзии Тоҷикистон дар рӯдхонаи Панҷ ба миён омад. Дар марзҳои зоҳиран ороми шарқӣ бо Чин абулҳавли иддаъои марзии Чин аз нав қомат кашид. Охирин гуфтушуниди намояндагони панҷгонаи Шанхай дар Душанбе дар бистуми декабр ноком ба поён расид. Ҳайъати Чин бархилофи созишҳои гузашта талабгори гуфтушуниди алоҳида бо тарафи Тоҷикистон шуд, ки Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон ин пешниҳодро напазируфтанд. Тибқи маълумоти дарёфтӣ Чин аз Тоҷикистон 40 ҳазор километри мураббаъ қаламравро талаб намуд. Яке аз охирин баёнияҳои Тоҷикистон боз ба овозаҳои бозгашти Ҷумъаи Намангонӣ ба Тавилдара марбут буд, ки дар 22юми декабр садо дод. Вазири вазъи фавқулодда Мирзо Зиёев пас аз сафар ба Тавилдара гуфт, ҳеҷ гуна гурӯҳҳои мусаллаҳ дар он ҷо вуҷуд надоранд.

Бо ҳамин ҳол, яъне вазъи номаълуми ноҳияҳои шарқӣ, ҳазорон паноҳандаи интизор дар марзи ҷанубӣ, таркишҳои паёпай дар марзҳои шимолӣ ва ғарбӣ, иддаъои ҳудудӣ дар марзҳои шарқӣ ва шимолу шарқӣ, ислоҳоти начандон рӯшани иқтисодӣ, моликияти афрод ва гурӯҳҳои бонуфуз гаштани воситаҳои тавлид ва дар бархе маврид замин, рушду густариши маҳалгироӣ, афзойиши бенавоӣ ва ҳиҷрати нирӯи кор, сардӣ дар равобит бо Ӯзбакистону Қирғизистон, пуштибонӣ аз Иттиҳоди зидди Толибон, набуди фазои озоди сухан, матбуот ва фаъолиятҳои сиёсӣ соли дуҳазоруми Тоҷикистон ба поён расид. Соле ки неку бадаш нобаробар ва бешу камаш номутаносиб буд. Соли интизории ояндаи беҳтар.

XS
SM
MD
LG