Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти Ҳизби Адолатхоҳи Тоҷикистон ба муддати 6 моҳ қатъ шуд



Мирзонабии Холиқзод

Вазири Адлия Шавкат Исмоилов мегуяд бемасъулиятии ҳизб дар барбари талаботи вазорат, сабабгори бастани он шуд. Аммо намояндагони ҳизби Адолатхоҳ ин амалро ғарази ҳукумат арзёбӣ мекунанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби Адолатхоҳро ба муддати 6 моҳ қатъ кард. Ба гуфтаи вазири Адлия Шавкат Исмоилов бемасъулиятии ҳизб дар барбари талаботи вазорат, сабабгори бастани ҳизб шуд. Вазир меафзояд, ки ҳизб ба талабҳои бамаротиб роҷеъ ба пешниҳоди гузориш дар бораи фаъолияти худ посух надод. Ва агар баъди шаш моҳ вазъ тағйир наёбад, фаъолияти ҳизб комилан катъ хохад шуд. Аммо раъиси Ҳизби Адолатхоҳ Абдураҳмон Каримов ин амалро ғарази ҳукумат арзёбӣ мекунад ва мегуяд, ки барои ширкат дар интихоботи президентӣ аз онҳо қасос мегиранд. Ҳизби Адолатхоҳ дар маъракаи интихоботҳои президентӣ ва парламентӣ фаъол буд ва номзадии ду рақиби муҳими Президент Раҳмонов, Султон Қуватов ва Сайфадин Тураевро пешбарӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG