Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъбандии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар соли 2000



Мирзои Салимпур

2 ҳазор ҷинояти вазнин ошкор гардида 2 тона маводи мухаддир мусодира шуд. 65 нафар дар Ҳисор ва Турсунзода боздошт шуданд, ки аз намояндагони полковники собиқ Маҳмуд Худойбердиев номбар мешаванд.

Дар нишасти ҳайъати мушовираи Вазорати Умури Дохилии Тоҷикстон гуфта шуд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тайи 10 моҳи соли равон, беш аз 2 ҳазор ҷинояти марбут ба маводи мухддирро ошкор карда, 2 тона маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 700 килограм ҳеруинро мусодира намуданд. Худойназар Асозода, сухангуи Вазорати Умури Дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари фаъолиятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мошинҳои сиёҳшиша ва афроди низомипуши мусаллаҳ аз кӯчаҳои Душанбе қариб гум шуданд. Ҷаноби Асозода ба беяроқ гардонидани чандин гуруҳи мусаллаҳ дар минтақаҳо ишора карда илова намуд, ки аксари ҷиноятҳои вазнин, ки дар соли ҷорӣ рух дода буданд, ошкор шуданд.

Ин дар ҳолест, ки қатли Сайф Раҳимов- собиқ раиси Кумитаи Радио ва Телевизиони Тоҷикистон ва Муҳаммади Осимӣ - собиқ раиси Чамъияти "Пайванд" ҳануз ҳам ошкор нашудааст. Аммо Худойназар Асозода бо ишора ба ҳалли парвандаи таркиш дар калисои протестантии Сон Мин, дар моҳи Октябр изҳори боварӣ кард, ки бақияи ҷиноятҳои вазнин ҳам ошкор хоҳанд шуд.

60 нафар дар Ҳисор ва 5 нафар дар Турсунзода дастгир шуданд, ки аз ҷонибдорони полковники собиқ Маҳмуд Худойбердиев буданд. Аммо ҷаноби Асозода гуфт, ки нируҳои Тоҷикистон барои дифоъ аз кишвар ҳамаи тавони лозимиро доранд ва тарфдорони Худойбердиев соҳиби имконе барои ҳуҷумҳои нав нестанд.

XS
SM
MD
LG