Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар соли 2000



Соҷидаи Мирзо, Мирзонабии Холиқзод ва Мирасрори Фарғони

Шаҳрвандон мегуянд дар соли 2000 танҳо каме амният таъмин шуд, аммо дар заминаи ҳуқуқи шаҳрвандон, густариши матбуоти озод ва фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, маҳви хушунати алайҳи занону кудакон ва корупсия, ва ҳифзи бизнеси хусусӣ пешравие ба даст наомад.

Дар соли 2000 бахши муҳимтарини протоколи сиёсии созишномаи сулҳ, ки соли 1997 миёни хукумат ва оппозисиюн ба имзо расида буд, татбиқ гардид: интихоботи парлумонӣ ва таъсиси парлумони дупалатгии касбӣ. Ҳарчанд ин маърака бо камбудиҳое аз қабили махдудияти номзадҳои мустқил бар пояи дастрасӣ ба матбуот ва сабти ном нашудани баъзе номзадҳои либерал баргузор гардид, боз ҳам нозири асосии интихоботҳо дар Тоҷикистон Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо онро қадаме ба пеш арзёбӣ намуд.

Соли 2000-ро метавон соли оштии рақибони собиқ- хукумати кишвар ва оппозтсиюни исломӣ номид. Чандин мақомҳо ва минтақаҳои нуфуз тақсим шуданд ва метавон гуфт, баъди имзои созиши сулҳ ин аввалин соли орому осуда ва бидуни муковимати мусаллаҳона дар байни ду тараф ва умуман дар кишвар буд. Оппоситсиюни исломӣ бо ҳузури ду намоянда дар парлумон ва пахши як рузнома қаноат кард. Ҳизби Демократ аз зери чатри Иттиҳоди Нируҳои Оппозитсиюн берун шуд ва ҷойгоҳ қаблии худро аз даст дод. Ҳизби Коммунист бо вуҷуди норозигӣ аз хизби Халқӣ-Демократии президент, дар сар ҳавои душманӣ надорад. Аҳзоби дигар, ки гумон мекарданд, баъди бозгашти созмонҳои оппозитсиюнӣ мустақилияти хизбҳо дар Тоҷикистон ва таъсири онҳо ба ҳукумат бештар мешавад, баъди назарногир шудани хизби исломӣ, бо қудрати моливу низомӣ, хомушӣ ихтиёр карданд. Бо ин ҳол Ҳизби Халқӣ-Демократи бидуни рақиби ҷиддӣ дар майдони сиёси фаъолият мекунад.

Дар бахши риояи ҳуқуқи инсон, соли 2000 барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо беҳбудии нисбии таъмини амнияти онҳо ба таърих ворид шуд, ки баъди маҳдуд намудани гуруҳҳои низомӣ ва чилавгирӣ аз вуруди мусаллаҳонаи ҳарбиён ба шаҳру навоҳӣ муяссар гардид. Контроли ҳукумат аз руи манотиқи кишвар ва нируҳои низомӣ афзоиш ёфт.

Дар гузориши солонаи созмони Фридам Ҳаус, ё Хонаи Озодӣ закр гардид, ки Тоҷикистон аз мавкеъи соли гузаштаи худ як дараҷа боло рафта, аммо боз хам дар катори кишварҳои ноозод боқӣ мондааст.

Соли 2000 Созмони байналмилалии Ҳюман Райтс Вотч- яке аз ташкилотҳои нозири хуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон дафтари худро дар Тоҷикистон баст. Кеннет Род раиси созмони байналмилалии Ҳюман Райтс Вотч ба саволи мо, ки чаро дафтари ин ташкилот дар Тоҷикистон баста шуд чунин посух дод.

" Ман наметавонам бигуям, ки хам чиз хуб аст. Аммо мо маҷбур будем, фаъолияти дафтари худро дар Тоҷикистон қатъ кунем ва ба Тошканд куч бандем. Мутассифона муассисае амсоли Хюман Райтс Вотч низ гоҳо аз ҷиҳати моли танқисӣ мекашад. Аммо мо омузиши вазъи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон идома медиҳем."

Созмони Милали мттаҳид низ баъди итмоми маъракаҳои интихоботӣ, яъне татбиқи созишномаи сулҳ аз Тоҷикистон куч баст. Аз ин ташкилоти бонуфуз танҳо дафтари кучаке боқӣ мондааст, ки он ҳам ба масъалаи эхёи иқтисоди баъдиҷангии Тоҷикистон машгул аст. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо ҳам бо хайъати кучак дар Тоҷикистон боқӣ монд. Вақте мо аз масъули бахши сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Семён Григорев суол кардем, ки вазъи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёби мекунад, посух чунин буд:

"Аз руи мандат мо вазъи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон назорат мекунем ва агар фактҳои поймолшавии ҳуқуқ мавҷуд бошанд, ҳукуматро дар ҷараён мегузорем. Умдатан ҳукумат ба эродҳои мо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Барои намуна ахиран, мо диққати Вазорати Хориҷии Тоҷикистонро ба адами мувофикати як қатор кавонини ахир ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷалб намудем. Дар навбати аввал ин ба паноҳандагони афғон бастагӣ дошт. Мо аз он қаноатмандем, ки ҷониби Тоҷикистон тавсияи моро ба инобат гирифт ва қонунро тағйир дод. Бо ин роҳ аз поймолшавии ҳуқуқуи афғонҳо дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ шуд."

Аммо Семён Григорев ба саволи дигар, перомуни вазъи аҳзоби сиёсӣ, ки ба ҷуз ҳизби Халки-Демократӣ ва Ҳизби Коммунист,боқӣ аз майдони сиёсат дур шудаанд гуфт, аз Тоҷикистон, ки хамагӣ ду се сол пеш дар чанги ҷанги шаҳрванди қарор дошт, интизороти аз ин бештар надоштанд.

"Тавре медонед, Тоҷикистон дар марҳилаи эҳёи баъдиҷангӣ қарор дорад. Ва ҳамаи равандҳои демократӣ бо шумули аҳзоби сиёсӣ дар марҳилаи густариш мебошанд. Маълум аст, ки дар чунин вақт қонуншиканӣ ва маҳдудиятҳо ногузир ба вуҷуд меоянд. Мо дар ин бахш низ бо ҳукумат ҳамкорӣ мекунем ва дар пайдо намудани роҳи хал машварати худро дареғ намедорем."

Падидаи фоҷиъабори марбут ба таркиши минаҳо дар марзи кишвар, ки аз ҷониби низомиёни узбак ба хотири чилавгирӣ аз вуруди ҷангиёни исломӣ гузошта шудаанд, ба таври рушан инъикос ва маҳкум нашуд. Аз таркиши минаҳои зиддипиёдагард дар марзи Тоҷикистону Узбакистон беш аз 20 шаҳрванди тоҷик халок гардид. Узбакистон масъулияти ин фоҷиъаро ба душ намегирад ва ҷониби Тоҷикистонро муттаҳам ба он мекунад, ки шаҳрвандони худро аз мавҷудияти минаҳо сари вакт огаҳ накард.

Аз Кеннет Род масъули Созмони Хъман Райтс Вотч пурсида шуд, ки оё аз ин ҳодисот бохабарнад ва барои чилавгирӣ аз истифодаи минаҳои зидди пиёдагард, ки бо конвенсияи СММ манъ шудааст, чи иқдоме анҷом додаанд. Ҷаноби Род чунин гуфт:

"Ман бо вазири дифоъи Узбакистон мулоқот доштам. Мо ба вазир гуфтем, ки аз мушкилот дар марз бо Тоҷикистон огаҳӣ дорем. Барои мо қобили фаҳм аст, ки ҳукумати Узбакистон барои ҳифзи марзи худ масъулият эҳсос мекунад. Аммо мо аз вазири дифоъ даъват намудем, ки аз истифодаи минаҳои зиддипиёдагард даст кашанд. Ин силоҳ байни ҷангиён ва аҳолии мулкӣ фарқ намегузорад. Гузашта аз ин ҷангиён роҳҳои гурез аз минтақаҳои майнкоришударо хуб медонанд. Ва асосан шаҳрвандони мулкӣ қурбон мешаванд. Вазир ба мо гуфт, ки аз сабаби набудани захоири зарурӣ барои хифзи марз роҳи дигаре вуҷуд надорад. Мо қотеъона даъват кардем, ки Узбакистон дигар аз ин силоҳ истифода накунад зеро он ба тамоюли умумиҷаҳонӣ, ҷиҳати манъи истифодаи минаҳои зиддипиёдагард мухолифат мекунад."

Соли 2000 хадамоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон дар роҳи боздошти гуруҳои муташакили ҷиноӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир иқдоми ҷиддӣ пиёда кард. Беш аз 20 гуруҳи муташакили ҷиноӣ, ки ба куштор, одамрабоӣ ва ғоратгарӣ машғул баданд, боздошт ва ба маҳкама кашида шуданд. Аммо кушторҳои пурсару садои олимон журналистон ва чеҳраҳои шинохтаи кишвар дар солҳои ҷанг ва баъди он суолест, ки шаҳрвандон дар соли 2000 низ ба он посух нагирифтанд. Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ахиран эълон дошт, ки гунаҳкорони кушторҳои номбурда аллакай дар қайди ҳаёт нестанд. Онҳо дар амлиётҳои мухтилифи низомӣ аз байн бурда шуданд. Охирин куштори пурсару садо катли Сайф Раҳимов- раиси кумитаи Садо ва Симои Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2000 буд, ки ҳануз боз нашудааст.

Дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ, хукумати Тоҷикистон соли 2000-ум барномаи мубориза бо бенавоиро кабул кард, ки бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ ва худи ҳукумат сармоягузорӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки 80 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли фақру беновоӣ карор доранд. Ва онҳое, ки дар ягон идора ва муассиса фаолият доранд, аз гирифтани маоши кофи барои зиндагӣ маҳруманд. Ба роҳ мондани бизнеси хусуси яке аз талабҳои созмонҳои қарздиҳандаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон аст. Аммо шаҳрвандоне, ки ба ҷодаи бизнес қадам гузоштаанд, аз конунҳои зидунақиз ва ришваситонии муассисаҳои давлатӣ шикоят мекунанд.

Вакте, хабарнигори мо аз шаҳрвандони Тоҷикистон пурсид, ки дар соли 2000 кадом ҳуқуқҳои инсонии онҳо поймол шудааст, ҷавоб чунин буд, ки танҳо каме амният таъмин аст. Шаҳрвандон мегуянд, ки дар роҳи боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, густариши матбуоти озод ва фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, маҳви хушунати алайҳи занону кудакон ва корупсия, таҳқири мухоҷирони тоҷик, ҳифзи бизнеси хусуси ва гайра пешравие ба даст наомад.

XS
SM
MD
LG