Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон ба муносибати иди Фитр ба аҳли Тоҷикистон паёми табрикӣ фиристод



Парвини Кабирӣ

Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд ҷомеъаи тоҷик бояд худро аз таъсири тахрибгаронаи ҳизбу ҷумбишҳои хориҷӣ ҳифз кунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба муносибати иди Фитр ба аҳли Тоҷикистон паёми табрикӣ фиристода, мардумро ба омурзишу бахшойиш, накӯкорӣ, ваҳдат, созгорию тафоҳум ва инсондӯстӣ даъват намуд. Вай бо ифтихор аз дастовардҳои сулҳи Тоҷикистон гуфт, ҷомеъаи тоҷик ба амнияту оромӣ ниёз дорад, то битавонад, ба беҳбуди зиндагии мардум даст ёбад. Аз ин лиҳоз гуфт райиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҷомеъаи тоҷик бояд худро аз таъсири тахрибгаронаи ҳизбу ҷумбишҳои хориҷӣ ҳифз карда битавонад. Коршиносон гуфтанд манзури раҳбари Тоҷикистон аз "ҳизбу ҷумбишҳои хориҷӣ" Ҳизбут Таҳрир аст ки, ҳамчун ҳаракати тундгарои исломӣ дар моҳҳои ахир таҳти таъқиби мақомоти амниятии Тоҷикистон будааст.

Дар ин миён дар шаҳри Душанбе охирин нишасти ҳукумати Тоҷикистон дар соли дуҳазорум аз як тараф натиҷаҳои солро ҷамъбаст намуда, аз сӯйи дигар муҳимтарин самтҳои ҳаракати ояндаи кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳо ба як нишасти дигар аҳамият додаанд, ки рӯзи сешанбе дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷараён гирифт. Вазъи мубориза бо ҷинояткорӣ, тақвияти ҳамкории ниҳодҳои қудратӣ дар ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ, халъи силоҳ ва барқарории назму тартибот мавзӯъҳои асосии ин нишаст буданд.

XS
SM
MD
LG