Пайвандҳои дастрасӣ

5 тарафдори Маҳмуд Худойбердив боздошт шуд



Соҷидаи Мирзо

Ходимони Вазорати Дохилии Тоҷикистон зимни як амалиёт, намояндагони гуруҳи полковник Маҳмуд Худойбердивро дар канораҳои водии Хиссор боздошт намуданд.

Ходимони бахши минтақавии мубориза бо ҷиноёти муташакили Вазорати Дохилии Тоҷикистон зимни як амалиёт, намояндагони гуруҳи полковник Маҳмуд Худойбердивро дар канораҳои водии Хиссор боздошт намуданд. Ба гуфтаи намояндаи Вазорати Дохилӣ ҳамаи панҷ нафар аз фаъолони гурухи Худойбердиев буда, дар шӯриши зиддиҳукуматии соли 1997 саҳм доштаанд. Парвандаи ҷиное, ки алайҳи онҳо боз шудааст,аз руи банди 306-уми қонуни ҷиноии Тоҷикистон: ғасби ҳукумат бо роҳи зуроварӣ, барраси мешавад.



XS
SM
MD
LG