Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайравони дини насронӣ Кристмас: иди милоди Масеҳро ҷашн мегиранд



Тони Веселовски

25 декабр пайравони дини насронӣ Кристмас: иди милоди Масеҳро ҷашн мегиранд. Русҳо ин ҷашнвораро бо номи Рождество Христово таҷлил менамоянд. Чаро маҳз 25 декабр? Шореҳи Радиои Озодӣ Тони Веселовски мегуяд решаҳои ин ид қадимтар аз дини насронист.

Дар ин рӯзҳо насрониён ва на танҳо онҳо бо харидани тӯҳфаҳо, ороиши арчаҳои солинавӣ, пухтупази таомҳои болаззат ва сурудани таронаҳои милоди Масеҳ банд мебошанд, ва касонеро пайдо кардан душвор аст, ки дар пайи таҳқиқи сарчашмаи ин ид бошад. Худи суол, яъне Кристмас ва ё "иди милоди Масеҳ" чист? Албатта аз номи он маълум аст, ки ин чӣ ид аст. Аммо дар ин миён суолҳои беҷавоб ва иртиботҳои тааҷҷубовар кам нестанд. Масалан: Чаро маҳз 25 декабр. Ва кӣ исбот карда метавонад, ки тақвими олами Ғарб аз ҳамон вақт оғоз ёфт? Дар амал рӯзи таваллуди Масеҳ на дар инҷилҳо ва на дар дигар китобҳои муқаддаси насрония зикр нашудааст.

Насрониён дар се асри аввали мавҷудияти ин дин Кристмас, яъне милоди Масеҳро ҷашн намегирифтанд. Калисо ҷашни милодро анъанаи бутпарастон унвон дода, зидди ҳар гуна таҷлил буд. Вазъият дар асри чоруми милодӣ баъди пирӯзии императори Рӣм Константин тағйир ёфт. Дар замони ҳукмронии Константин, яъне дар байни солҳои 320 то 356-уми милодӣ император 25 декабр: рӯзи Нативитӣ, яъне рӯзи таваллуди Исоро рӯзи милоди Масеҳ эълон кард. Аммо калисоҳои шарқӣ , аз ҷумла калисои арманӣ, гурҷӣ ва русӣ рӯзи Епифани, яъне шашуми январ, рӯзи зуҳур ва таҷаллии Исоро ҳамчун иди милоди Масеҳ таҷлил менамоянд.

Дар он вақт 25 декабр аллакай барои мардуми империяи Рӣм аҳамияти хосе касб намуда буд. Дар он рӯз табаъаи империяи Рӣм рӯзи илоҳаи эронӣ Митра: офтоби накукориро ҷашн мегирифтанд. Аксари муаррихон бар ин ақидаанд, ки император Константин мехост бо ин амал ба идҳои муътабари оташпарастон ҷилои меасеҳӣ ё худ насронӣ бидиҳад. Дар баробари эрониҳо мисриҳову бобулиҳои қадим низ 25 декабр рӯзи таҳаввули офтоб ва ҳосилро таҷлил менамуданд.

Анъанаи дигари масеҳӣ ороиши дарахт ҳам аз адёни отшапарастӣ маншаъ мегирад. Арча аз он сабаб зебо карда мешавад, ки ҳатто дар фасли зимситон замони хобу ба истилоҳ фавт доимо сарсабз аст.

Ва билохира ҳатто Санта Клаус, бобои барфӣ, яке аз рамзҳои маъруфи насрония низ решаҳои динҳои қабл аз масеҳӣ дорад. Ҳоло дар саросари олам шакли бобои барфӣ, Санта Клауси амрикоӣ машҳур аст. Намуду хислатҳои ӯ бар асоси қасидаи Клемент Мур танзим мешаванд. Клемнт Мур бошад, Санта Клаусро дар заминаи чандин нақши қадимӣ аз ҷумла Юле Элфи Олмонӣ, ки дар рӯзи кӯтоҳтарини сол тӯҳфа меовард, таълиф кардааст.

(Таҳиякунанда: Хоҷа Мирзода)

XS
SM
MD
LG