Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон бозгашти мусаллаҳони ӯзбакро ба Тавилдара рад кард



Мирзонабии Холиқзод

Мақомоти расмии Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи бозгашти мусаллаҳони Ҷумъаи Намангонӣ, яке аз раҳбарони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, ба Тавилдара рад намуда, гуфтанд, сафари ҳайъати давлатӣ ба Тавилдара ин маълумотро тасдиқ накард.

Сарвари ҳайъати давлатӣ, вазири вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон ва собиқ фармондеҳи кулли нирӯҳои оппозисюни тоҷик Мирзо Зиёев ба хабарнигори Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, на пажӯҳиши худи ҳайъати давлатӣ ва на мулоқот бо мардуми маҳаллӣ бозгашти мусаллаҳони ӯзбакро ба Тавилдара тасдиқ накард. Вале як манбаъи наздик ба оппозисюни собиқ мегӯяд, баъди афзойиши фишори Толибон ба тарафдорони Намангонӣ дар робита бо эъломияҳои байнулмилал оид ба мавҷудияти таълимгоҳҳои террористӣ, Толибон аз гурӯҳҳои Ҷумъаи Намангонӣ талаб кардаанд, ки Афғонистонро тарк намоянд. Ва агар мусаллаҳони Ҳаракати Исломи Ӯзбакистон ба тарки Афғонистон маҷбур шуда бошанд, ба ғайри аз Тавилдара онҳо ба ҷойи дигар рафта наметавонанд. Аммо Мирзо Зиёев ин нуқтаи назарро комилан рад мекунад ва мегӯяд, тарафдорони Намангонӣ оқибати бозгашти худро ба Тавилдара хуб медонанд ва аз ин рӯ гумон аст, онҳо ба ин кор иқдом ниҳанд. Ҷаноби Зиёев мегӯяд, мавҷудияти шубҳаву гумон миёни ду кишвари ҳамсоя Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ба манфиати ҳеҷ яке аз онҳо нест. Вай изҳори ризоият кард, ки як ҳайъати муштараки ду кишвар ба шумули хабарнигорон аз Тавилдара дидан кунад.

XS
SM
MD
LG