Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар гузориши солонаи Созмони Хонаи Озодӣ



Салими Аюбзод

Созмони Хонаи Озодӣ 86 давлати ҷаҳонро кишварҳои озод 59 давлатро қисман озод номида, 47 мамлакати дигарро ноозод ва ё ғайриозод мешуморад. Ва мегӯяд дар соли 2000ум 18 кишвар ба самти озод будан ҳаракати ҷиддӣ намуданд.

Тибқи гузориши солонаи Созмони Хонаи Озодӣ 86 давлати ҷаҳон, кишварҳои озоде мебошанд, ки дар онҳо озодиҳои сиёсӣ ва хусусии инсонҳо эҳтиром мешаванд. Зиёда аз чиҳил дарсади аҳли ҷаҳон дар ин кишварҳо ба сар мебарад. Аммо 59 давлат қисман озод номида шуда, 47 мамлакати дигар ноозод ва ё ғайриозод шумурда мешаванд, ки дар онҳо ҷамъан наздики шаст дарсади аҳолии дунё зиндагӣ дорад. Яъне ба сурати куллӣ аксарияти аҳолӣ дар кишварҳое ба сар мебарад, ки ё қисман озод ва ё ғайриозод буда, дар онҳо ҳаққу ҳуқуқи инсон ба эътибор гирифта намешавад. Аммо дар соли 2000ум 18 кишвар ба самти озод будан ҳаракати ҷиддӣ намуданд. Аз ҷамоҳири собиқ шӯравӣ танҳо Қирғизистон назар ба соли гузашта мавқеъяшро тағйир дода, аз кишвари қисман озод ба ноозод табдил ёфт. Дар гузориш гуфта мешавад, президенти қирғиз Аскар Оқоев қудрати бе ин ҳам барзиёди худро ба маротиб афзойиш дода, салоҳиятҳои бештарро дар қабзаи худ гирифт ва интихоботи ахири ин кишвар озоду одилона набуд. Ва аммо Тоҷикистон. Як пешрафти бисёру бисёр ночиз зикр шуда, ба сурати куллӣ Тоҷикистон кишвари ноозод боқӣ монд. Танҳо шохиси набудани озодӣ аз баландтарин нуқтаи ҷадвал як зина пойин омад. Дар ҷадвали Хонаи Озодӣ ягона гӯшаи рӯшантари Тоҷикистон ба арзишёбии солҳои 1991-92 дахл дорад, ки дар ин давра Тоҷикистон кишвари қисман озод будааст. Аз гузориши тӯлонии Фридом Ҳаус роҷеъ ба вазъи озодии инсон дар мамолики гуногуни ҷаҳон интихобан ду порчаро паҳлӯи ҳам гузоштем, ки яке баррасии вазъи Тоҷикистон ва дигаре Литвониё мебошад. "Бо вуҷуди кафолатҳои расмии озодӣ, ҳукумати Тоҷикистон матбуотро дар маҳдудият нигаҳ медорад. Ягона нашрияи дигарандеш бо таҳдиду ҳамлаҳо аз тарафи мақомоти расмӣ баста шуд. Фридом Ҳаус ба эҳтимоли қавӣ нашрияи "Ҷунбиш"ро дар назар дорад. Худсонсурӣ рӯзноманигорон аз тарси зӯроварии афрод ва гурӯҳҳои мусаллаҳ, фишори чопхонаҳои давлатӣ ва ниҳодҳои молиявӣ идома дорад. Нашрияҳо дар маҳдудаи ба таври ғайрирасмӣ таъйиншуда амал мекунанд. Радио ва аксари телевизионҳо, таҷҳизоти нашри барномаҳо моликияти давлат буда, танҳо мавқеъи онро инъикос мекунанд. Чанд телевизиони хусусӣ ба мушкилиҳои маъмурӣ ва ҳуқуқӣ гирифтор карда шудаанд. Ин дар бораи Тоҷикистон. Ва акнун Литвониё. Ҳарчанд озодии матбуот аз тарафи қонуни асосӣ кафолат дода мешавад, ин озодӣ дар чанд нукта, ба мисли беҳдошт, шаън, номус, ҳаёти шахсӣ, ахлоқ ва худи қонуни асосӣ бо маҳдудиятҳо рӯбарӯ мебошад. Давлат соҳибимтиёзи як хабаргузорӣ ва як радиои миллист, ки батартиб сӣ ва 25 дарсади бозори маълумотиро таҳти назорат доранд. Даҳҳо нашрияи хусусӣ ва чанд телевизиони мустақил дар самтгириҳои мухталиф фаъолият пеш мебаранд. Парламент ба қонуни матбуот ислоҳ ворид карда, моддаи ҷубронпулиро дар баробари тӯҳмат ва дурӯғ аз байн бурд. Журналистон метарсанд, ки ин ислоҳ бойиси парвандаҳои ғаразнок шуда, озодии матбуотро халалдор хоҳад кард. Литвониё дар гузориши солонаи Фридом Ҳаус. Созмони байнулмилалии Фридом Ҳаус дар таҳлили пажӯҳишҳои ҳаштсолаи худ ба чунин натиҷа расидааст, ки миёни сатҳи озодиҳои сиёсӣ ва рушди иқтисодӣ дар ин ё он мамлакат робитаи қавӣ мавҷуд аст. Чунончӣ, аз соли 1990 то 1998 иқтисодиёти кишварҳо аз лиҳози сиёсӣ озод 2,56 дарсад афзойиш ёфт. Аммо иқтисодиёти мамолике, ки Созмони Хонаи Озодӣ онҳоро ноозод меномад, дар ҳамин давра ҳамагӣ 1,46 дарсад баланд рафтааст. Адирон Коротнитски, райиси Фридом Ҳаус дар нишасти матбуотӣ дар Вашингтон гуфт, ки ба чаҳор сабаб озодии сиёсӣ шукуфоии иқтисодиро ба миён меорад. Инҳо: эҳтироми қонун, таҳкими ҳуқуқи моликияти шахсӣ, ҷалби омма ба равандҳои сиёсӣ ва матбуоте ки мушкилоти ҷомеъаро, фаразан монанди ришвату фасод, ба намойиш гузошта, таъсири онҳоро ба иқтисодиёт коҳиш медиҳад. Аз ин ҷост, ки баъзе кишварҳои қашшоқ тавонистанд, ба пешрафти калони иқтисодӣ нойил шаванд ва ҳамчунон баъзе кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ бо сабаби набудани ҳамин омилҳо ба мушкилоти иқтисодӣ рӯбарӯ мешаванд. Адрион Коротниски мегӯяд: "Онгуна ки бозёфтҳои гузориш нишон медиҳанд, густариши озодиҳои сиёсӣ фақат масъалаи марбути арзишҳои маънавӣ нест. Ин ҳам маълуму рӯшан шуда, ки ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ инкишофи иқтисодӣ ва рушди иқтисодиро таҳким медиҳанд."

Шояд ин хулоса дар забони тоҷикӣ андарзи наверо ба вуҷуд орад: Озодию ободӣ. Аз ин дидгоҳ танҳо Чин истисно номида шудааст, ки бо вуҷуди маҳдудияти ҳуқуқҳои инсонӣ пешрафти иқтисодӣ ба назар мерасад ва ба ақидаи коршиноси Фридом Ҳаус Чарлз Грейбоуз рушди иқтисодии Чин бештар ба ҷаҳонӣ шудани иқтисодиёт бастагӣ дорад, то ба равандҳои дохилӣ. Аз кишварҳое, ки дар соли дуҳазорум ба пешрафт нойил шуданд, гузориш Хорватия ва Боснияро ном мегирад. Дар қаламрави шӯравии собиқ Беларус ба кишвари ноозод табдил ёфта, Украина қисман озод номида шудаанд. Қазоқистону Қирғизистон низ аз кишварҳои ноозод мебошанд, аммо дар қиёс бо Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бартарӣ доранд. Ду кишвари ахирии ҳамсоя акнун бо Туркманистон ҳампаҳлӯ гаштаанд, вале Туркманистон бар изофаи ин ба гурӯҳи ёздаҳ мамолике дохил мешавад, ки вазъи озодӣ дар он ҷо ҳолати бадтаринро дорад. Дар ин гурӯҳ метавон бо исми Афғонистон, Ироқ, Кореяи Шимолӣ низ дучор шуд. Ва Русия ҳарчанд дар ҳамон дарҷаи "қисман озод"-и худ боқӣ монд, вале лағзиши он ба самти афзойиши фишор рӯйи озодии сухан ва матбуот зикр гардид.

XS
SM
MD
LG