Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи назари Чин ва Тоҷикистон дар гуфтушуниди марбут ба марз



Сайидқосими Қиёмпур

Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди ҳайатҳои кории кишварҳои узви панҷгонаи Шанҳай оиди тақсимбандӣ ва аломатгузории марзҳои муштараки ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ бо Чин бе натиҷаи муҳим ба поён расид. Тарафҳо ҳанӯз ба баррасии асли масъала шурӯъ накарда, дар таъйини тарзу шакли гуфтушунид ба бунбаст ворид шудаанд.

Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди ҳайатҳои кориикишварҳои узви панҷгонаи Шанҳай оиди тақсимбандӣ ва аломатгузории марзҳои муштараки ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ бо Чин бенатиҷаи муҳим ба поён расид. Тарафҳо ҳанӯз ба баррасии асли масъала шурӯъ накарда, дар таъйини тарзу шакли гуфтушунид ба бунбаст ворид шудаанд. Ҳайъати Чин пешниҳод кард, ки идомаи гуфтушунид бо Русия ва Тоҷикистон дар алоҳидагӣ ҷараён гирад, зеро Чин мушкилоти марзиро бо Қазоқистон ва Қирғизистон аллакай ҳал кардааст. Ин пешниҳоди тарафи Чин аз ҷониби Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон пазируфта нашуд, зеро ҳанӯз аз аввалин даври гуфтушунид, қарор ин буд, ки панҷ кишвари собиқ шӯравӣ дар як ҳайъат ва Чин дар ҳайъати тарафи дигари музокираҳо паси миз менишинанд. Сабаби пешниҳоди Чин маълум нест ва мақомоти давлати Тоҷикистон дар ин мавзӯъ ҳеҷ гуна маълумот намедиҳанд. Худи музокираҳо дар паси дарҳои баста ҷараён гирифтанд ва аҳолӣ аз ҷузъиёти онҳо хабар надорад. Аммо ба гуфти баъзе манбаъҳо, Чин талаб дорад, 40 ҳазор километри мураббаъи қаламрави Тоҷикистонро бигирад, ки асосан ба Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон рост меояд. Сӯҳроб Шарифов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, на ҳукумати феълӣ ва на ҳукуматҳои ояндаи Тоҷикистон чунин масъулиятро бар дӯш нахоҳанд гирифт, ки ин миқдор сарзамини Тоҷикистонро ба Чин бисупоранд. Сӯҳроб Шарифов ва дигар коршиносони маҳаллӣ бар ин ақидаанд, ки аз ин ба баъд музокироти ёдшуда эҳтимолан бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шаванд ва шояд сабаби пешниҳоди Чин дар мавриди гуфтушунидҳои алоҳида бо Тоҷикистон дар ҳамин печидагӣ ва душвории масъала робита дошта бошад. Вале бо вуҷуди нокомии нишасти ахир дар Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон хостори сардӣ дар равобит бо Чин нест ва мутмаъин мебошад, ки таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон кӯмак мерасонад.

XS
SM
MD
LG