Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабси ҳашт узви гурӯҳи фармондеҳи собиқи оппозисюн



Мирзонабии Холиқзод

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ҳашт узви гурӯҳи фармондеҳи собиқи Иттиҳоди мухолифони тоҷик Мулло Абдуллоҳро ба ҳабс гирифтанд. Мақомоти расмии ангезаи ин ҳабсро эълон накардаанд, вале тахмин меравад, ки мусаллаҳони собиқ дар робита бо нооромиҳои моҳи август дар ноҳияи Дарбанд боздошт шудаанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ҳашт узви гурӯҳи фармондеҳи собиқи Иттиҳоди мухолифони тоҷик Мулло Абдуллоҳро ба ҳабс гирифтанд. Мақомоти расмии ангезаи ин ҳабсро эълон накардаанд, вале тахмин меравад, ки мусаллаҳони собиқ дар робита бо нооромиҳои моҳи август дар ноҳияи Дарбанд боздошт шудаанд. Фармондеҳ Мулло Абдуллоҳ, ки баъди гуфтушунид бо ҳукумат силоҳи худро супурда ба зиндагии осойишта бозгаштааст, мегӯяд, ҳукумат ризоият дода буд, ки аъзои гурӯҳи собиқи ӯро таъқиб накунад. Ин воқеа дар байни собиқ размандагони оппозисюн ҳаросеро ба миён овардааст, ки бо вуҷуди Қонуни авфи умумӣ, ки Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар 14 майи соли 1999 қабул карда буд, чунин сарнавишт метавонад онҳоро низ дар пеш бошад. Ду моҳ ба ин тараф яке аз фармондеҳони собиқи оппозисюн Мухтор Ҷалилов дар маҳбас мебошад ва ба гуфтаи фармондеҳ Ҳоҷӣ Абдураҳим аксари фармондеҳони собиқ, ки когази авф дар даст доранд, аз тарафи кормандони умури дохилӣ мавриди бозҷӯӣ ва таъқиб қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG