Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафтуомади қатораҳо баӣни Алмаато-Тошканд-Теҳрон-Истамбул



Хоҷа Мирзода

Аз эҳтимол дур нест, ки баъди чанд ҳафта мусофирони Тоҷикистонӣ бо истифода аз роҳи оҳан то Теҳрону Истамбул сафар кунанд.

Гурӯҳҳои кории кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ё ба истилоҳ ЭКО ташкили рафтуомади муназзами қатораҳоро дар самти Алмаато-Тошканд-Теҳрон-Истамбул баррасӣ доранд. Назар ба иттилои пешакӣ қатораи аввалин бояд дар таърихи 11 январ ба роҳ барояд.

Дар сӯҳбат бо рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" сардори хадамоти мусофирбарии роҳи оҳани Тоҷикистон Каримҷон Муъминов гуфт, ки ду вагон ба қатораи Душанбе - Маскав ҳамроҳ карда хоҳанд шуд. Дар истгоҳи Туркманобод: яъне Чорҷуи пештара, ин ду вагон аз қатораи Душанбе-Маскав ҷудо шуда, ба қатораи Теҳрон пайваст карда мешаванд. Ба гуфти мансабдори роҳи оҳани Тоҷикистон аз вагонҳои самти Теҳрон яке купе буда, барои қабули 36 мусофир ҷо хоҳад дошт. Вагони дуввум барои интиқоли бор тахсис дода мешавад.

Дар идомаи сӯҳбат бо рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" Каримҷон Муъминов гуфтааст, ки нархи роҳкирои Душанбе - Теҳрон баробар бо 55 доллари ИМА буда, даҳ килограмм бори вагони ба истилоҳ бағоч 2 доллару чил цент муайян шудааст ва мусофирон ҳамроҳ бо худ 36 килограмм борро бидуни пардохти чизе интиқол дода метавонанд. Мусофирон барои рафтан ба Теҳрон каме бештар аз 55 соат ва барои бозгашт аз пойтахти Эрон ба Душанбе то 64 соатро сарф хоҳанд кард. Сабаби мавҷудияти фарқро мансабдори роҳи оҳани Тоҷикистон ташреҳ надодааст, вале шояд он ба тафовути фосилаи миёни хатҳои роҳи оҳани ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ва Эрон марбут бошад. Роҳи оҳани Эрон бориктар аст, аз ин рӯ, ҳангоми убури марз чарҳхои вагонҳои қатора табдил карда мешаванд. Дар охири сӯҳбат бо рӯзномаи " Ҷавонони Тоҷикистон" раиси хадамоти мусофирбарии роҳи оҳани Тоҷикистон Каримҷон Муъминов гуфтааст, ки дар оянда бо истифода аз ҳамин роҳ рафтуомад то Истамбул тамдид меёбад.

XS
SM
MD
LG