Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон истифодаи оби Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд



Соҷидаи Мирзо

Тоҷикистон ба иллати истифодаи нодурусти захираи об аз беобӣ танқисӣ мекашад.

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Баҳри Арал Аҳмад Мансур ва масъули ин бонк дар Узбакистон Дэвид Пирс дар як мулоқот масъалаи истифодаи захоири оби Осиёи Марказиро бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов баррасӣ намуданд. Ба гуфтаи огои Коимдодов ба иллати истифодаи нодурусти захираи об, Тоҷикстони ғанӣ аз ин неъмат пайваста аз беобӣ танқисӣ мекашад. Дар ин замина муовини нахуствазир масъалаи сармоягузорӣ ва итмоми сохтмони нирӯгохи барқии Роғун ва Сангтударо дар миён гузошт ки на танҳо захираи обро дар Тоҷикистон афзоиш медихад, балки заминаеро барои истиқлолияти энергетикӣ низ ба вуҷуд меорад.

XS
SM
MD
LG