Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Поёни машқҳои ҳарбӣ дар вилояти Суғд



Илҳоми Ҷамолиён

Дар вилояти Суғд тамринҳои ҳарбии ҷузву томҳои артиши миллӣ, вазорати умури дохилӣ ва кумитаи марзбонии Тоҷикистон ба поён расиданд. Тибқи хабарҳо дар ин машқҳо наздики се ҳазор хидматчии ҳарбӣ иштирок карда, тирандозии ҳақиқӣ аз ҳамаи анвоъи силоҳ ҷараён гирифт ва намудҳои гуногуни техникаи ҳарбӣ истифода шуд.

Машқҳои ҳарбӣ дар пойгоҳи низомии Чорух Дайрон, наздикии шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, ҳадафи асосии онҳо санҷиши сатҳи омодагии нирӯҳои низомӣ ва интизомии Тоҷикистон дар баробари ҳамлаи эҳтимолии гурӯҳҳои террористии байнулмилал номида шудааст. Дар арафаи машқҳои ҳарбӣ миёни аҳолии ноҳияҳои сарҳадии вилояти Суғд овозае паҳн шуд, ки гӯё таҳти шиори машқҳои ҳарбӣ Тоҷикистон ба муқобили ҳамлаи нави полковники пешини артиши Тоҷикистон Маҳмуд Худойюбердиев омодагӣ мегирад. Нойиби сарвазири Тоҷикистон Сайидамир Зуҳуров, ки ҷараёни машқҳои ҳарбиро таҳти мушоҳида дошт, ба хабарнигорон гуфт, тамринҳои мазкур аз рӯи нақша, баъди баргузории айни чунин машқҳо дар Хатлон, навоҳии тобеъи марказ ва Бадахшон, акнун дар Суғд барпо шудаанд. Аммо вай инро ҳам пинҳон надошт, ки вазъи мавҷудаи амниятии шимоли кишвар, бо назардошти ҳамлаи гурӯҳҳои Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1998 ва ё вуруди мусаллаҳони Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон тирамоҳи имсол омодагии ҷиддии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳамоҳангии ситодҳои се вазоратро тақозо мекунад. Ҷаноби Зуҳуров гуфт, вай аз натиҷаи машқоҳи ҳарбӣ дар вилояти Суғд қаноатманд аст. Ҷараёни тамринҳои мазкурро ҳамчунин раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов, вазирони дифоъ ва умури дохилӣ Шералӣ Хайруллоев ва Ҳумдин Шарифов ва инчунин ду нозири ҳарбӣ аз Федерасиюни Русия наззора ва арзишёбӣ карданд.

XS
SM
MD
LG