Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳамияати стратегии водии Фарғона



Холидаи Қодир

Дар сӯҳбати мо Пол Бернс, собиқ сафири Британия ба Тоҷикитсону Ӯзбакистон, Доктор Ширин Акинер аз пажӯҳишгоҳи Масоили Осиё ва Африко дар Лондон, Манс Ниберг аз дафтари матбуоти раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САХА) дар Вена ва Кунт Воллебек, собиқ раиси САХА ва ҳоло сафири Норвегия дар ИМ ширкат кардаанд.

Як сол қабл Кнут Воллебек, он замон раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САХА), баъди боздид аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод, ки ба ин минтақа хатари нооромиҳои бештар ва ҳатто бархӯрдҳои мусаллаҳона таҳдид мекунад. Дар воқеъ, ин пешгӯиҳои Кнут Волебек амалӣ гардиданд, ва мо дар тӯли соли дуҳазорум шоҳиди ташаннуҷҳо ва ҳуҷумҳои мусаллаҳонае шудем, ки ҳадди аққал се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистонро фаро гирифтанд. Албатта, ин ҷо манзур аз ҳуҷумҳои тобистонии пайравони ҷумбиши исломии Ӯзбакистон аст. Дар тӯли соли дуҳазорум сарони ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа президент Каримов ҳарчи бештар исломгароён ва ҷумбишҳои диниву мазҳабии минтақаро чун манбаъи нооромиҳо, манбаъи паҳншавии силоҳ ва маводи мухаддира, қаламдод мекарданд. Таъкиди бештари онҳо сари водии Фарғона буд. Водии Фарғона зимнан, на танҳо дар маркази таваҷҷӯҳи ҳукумати президент Каримов қарор гирифт. Созмону гурӯҳҳои мухталиф, шореҳону дипломатҳо, хабарнигорон ба ин минтақа таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунанд. Барои мисол, дар шабакаҳои Интернет саҳифаҳои вижа бо номи водии Фарғона эҷод шуданд, дар вилоятҳои муталлиқ ба ин водӣ оҷонсиҳои хабарӣ ба забонҳои маҳалливу инглисӣ ба кор шурӯъ карданд. Чаро маҳз водии Фарғона? Ин водӣ чӣ тафовуте аз қисматҳои дигари минтақа, масалан, Самарқанду Бухоро, ё Тошканд дорад? Дар ҳоле ки тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мусулмоннишин ҳастанд, чаро президент Каримов нигарон аст, ки исломгароён маҳз аз водии Фарғона хурӯҷ мекунанд? Мо ин мавзӯъро бо онҳое дар миён гузоштем, ки бо минтақа аз наздик сарукор дошта ва ё масоили онро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Дар сӯҳбати мо Пол Бернс, собиқ сафири Британия ба Тоҷикитсону Ӯзбакистон, Доктор Ширин Акинер аз пажӯҳишгоҳи Масоили Осиё ва Африко дар Лондон, Манс Ниберг аз дафтари матбуоти САХА дар Вена ва Кунт Воллебек, собиқ раиси САХА ва ҳоло сафири Норвегия дар ИМ ширкат кардаанд. Ҳамсӯҳбатҳои мо сари ин мавзӯъ, агарчи назарҳо ва дидҳои мухталиф доранд, вале ҳама ба як нукта мутмаинанд, ки водии Фарғона вижагиҳои худро дорад.

Дипломати британӣ Пол Бернс ва муҳаққиқ Ширин Акинер се хусусияти фарқкунандаи водии Фарғонаро зикр мекунанд: Аввал, таҷаммӯъи бештари аҳолӣ, яъне дар минтақаи нисбатан хурд сукунат доштани теъдоди бузурги мардум; дуввум: анъанаҳо ва таърихи водии фарғона; ва севвум: дар минтақа сукунат доштани намояндагони миллатҳои гуногун, асосан, тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва қирғизҳо, ки ин ҳам метавонад, манбаъи бархӯрдҳои миллӣ бошад; дар солҳои ахир мо мисоли онро низ дар низоъи ӯзбекҳову қирғизҳо дар Ӯш ва ё туркҳои месхетӣ дар Фарғона дидаем. Пажӯҳишгар Ширин Акинер заминаҳои иҷтимоиву иқтисодии таваҷҷӯҳи мардуми Фарғонаро ба дин чунин шарҳ медиҳад:

"Водии Фарғона қисмати пурнуфустарини Осиёи Марказӣ аст. Дар ин ҷо ҳамчунин сатҳи бекорӣ, ба вижа, бекории ҷавонон бештар аст. Яъне дар ин ҷо проблемаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба таври қобили мулоҳиза зиёданд. Ҳатто дар замони шӯравӣ Фарғона минтақе дониста мешуд, ки дар он ислом, исломи муҳофизакор ҷой дошт. Мардуми минтақаро чун мусулмонҳои сарсупурда мешинохтанд. Аз замони шӯравӣ то кунун, ин анъанаҳои хеле муҳифизакори исломӣ, якҷо бо проблемаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ боиси таваҷҷӯҳи тозаи мардум ба дин шуд."

Албатта, он проблемаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва бекорӣ дар ҳамаи минтақаҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Вале дипломати бритонӣ Пол Бернс низ ба ҳамин назар аст, ки ин проблемаҳо дар Фарғона амиқтар мебошанд ва дар баробари он анъанаҳои мардуми ин минтақа фарқ мекунанд:

"Ман ҳам он ақидаро пуштибонӣ мекунам, ки дар водии Фарғона назар ба дигар қисматҳои минтақа теъдоди одамоне, ки ба ислом чун нируи сиёсӣ бовар мекунанд, бештар аст."

Метавон гуфт, фақру камбағалӣ, бекорӣ, ва ҳатто худи мардуми ин минтақа аз манотиқи дигар фарқ дорад. Ва решаҳои ин фарқро Пол Бернс дар таърихи Фарғона ҷустуҷӯ мекунад:

".деЖаъди истилои Осиёи марказӣ аз ҷониби русҳо дар соли 1865 тарзу тариқи таҳаввулоти водии Фарғона аз Бухорову Самарқанд фарқ дошт. Хонигарии Қӯқанд дар солҳои ҳафтодум аз байн рафт ва баъдан дар соли 1917 ум вақте Қӯқанд барои эҳёи истиқолияти худ талош кард, он аз ҷониби Тошканди Шӯравӣ сахт саркӯб гардид. Ба назари ман, натиҷаи ҳамин буд, ки мардуми Фағона аз ҳаракати босмачиҳо ҷонибдорӣ карданд. Нахустин маркази муқовимати босмачиҳо ба сохти шӯравӣ низ дар водии Фарғона буд. Албатта, он марказ баъдан, ба манотиқи кӯҳии Тоҷикистон кӯчид. Ба назари ман, ин нишондиҳандаи дараҷаи мухолифати мардуми ин минтақа ба истилои хориҷиён мебошад. Ва бахше аз ин мухолифат, ба эътиқоди мардум ба дини ислом робита мегирад."

Пол Бернс, ки бо таърихи Осиёи Миёна ошноии зиёд дорад, мегӯяд, албата чунин эътиқод ба ислом дар Самарқанду Бухоро низ қавӣ буд, вале ҳукумати шӯравӣ дар ин ду шаҳри марказӣ динро зери фишор ва контрли шадидтар �арор дод. Дараҷаи контрол дар водии Фарғона ба он андоза сахт набуд.

Тавре ки гуфтем, ин анъанаҳо дар пасманзари мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҷумбишҳои исломгароро ба миён оварданд. Заминаи сиёсӣ саркӯбшавии нируҳои мухолифи динӣ аз ҷониби ҳукуматҳо мебошад. Ҳукуматҳо ҷумбишҳои динии водии Фарғонаро ба терроризм ва қочоқи маводи мухаддира робита медиҳанд ва онро хатари бузурге ба оромии тамоми Осиёи Марказӣ арзёбӣ мекунанд. Ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи ҷумбиши исломии Ӯзбакистон дар ду тобистони гузашта ва ба гаравгонгириҳо даст задани аъзои ин ҷумбиш боис шуд, ки ҳатто Департменти Давлатии ИМ ин гурӯҳро ба рӯихати дастаҳои террорист шомил кард.

Сухангӯи САХА Монс Ниберг мегӯяд, ки ин ташкилот низ нозукии вазъи тамоми Осиёи Марказӣ ва ба вижа водии Фарғонаро эътироф мекунад:

"Ахиран, дар Вена мулоқоти шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви ин созмон ба поён расид. Ҳама қариб бо як овоз тавофуқи назар доштанд, ки дар Осиёи Марказӣ хатари воқеъии терроризм вуҷуд дорад ва дар муқобили ин хатар бояд иқдоме кард. САҲА ҳамчунин аз густариши қочоқи силоҳ ва маводи мухаддира нигарон аст. САҲА ахиран дар шаҳри Ӯш шӯъбаи нави худро ифтитоҳ кард. Ин нишон медиҳад, ки то чӣ андоза мо ба масоили минтақа таваҷҷӯҳ дорем."

Вале оё нигарониҳои ҳукуматҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ чунин маъно доранд, ки ҳамаи ҷумбишҳои динӣ дар водии Фарғона як дастаи террорист, қочоқбари силоҳу маводи мухаддира ва ҷинотякор мебошанд ва бояд саркӯб шаванд? Зоҳиран, сарони Ӯзабкитсон ҳамин мавқеъро гирифтаанд. Вале ақидаҳои дигар низ вуҷуд доранд. Пажӯҳишгар Ширин Акинер мегӯяд, ки дар гирудори водии Фарғона гурӯҳҳои мухталиф ба ҳам омехта шудаанд:

"Оё дақиқан ҷараёни ин ҷумбишҳо чӣ аст? Ба назари ман, ин ҷо раванди шадид вуҷуд дорад: якум, радикализми исломӣ ва дуввум, қочоқи маводи мухаддира. Дар ин миён, ҳам мусулмони сарсупурдаи тундрав ҳасту ҳам қочоқбари маводи мухаддира. Бахше тамоюл дорад, ки барои густариши ислом аз ҳар роҳу васила кор гирад. Баръакс, баъзеҳо аз ислом танҳо барои пешбурди фаъолияти ҷинояткоронаи худ истифода мекунанд. Мо намедонем, ки марзҳои ин фаъолиятҳо дар куҷо кашида шаванд?"

Хонум Акинер мегӯяд, ки дастрасӣ ба маълумот дар бораи вазъи воқеъии минтақа ва ҳақиқати ҷумбишҳои исломии водии Фарғона маҳдуд аст. Маълумоти расмии ҳукумати Ӯзбакистон ҳамаи ин ҷумбишҳо ва лидерони онҳоро ба як ранги сиёҳ ҷилва медиҳад:

"Мо дар бораи лидерони ҷумбишҳои исломии Ӯзбакистон кам маълумот дорем. Маълумоти мавҷуда Тоҳир Юлдош ва Ҷумъаи Намангониро чун одамони тундрав ва каммаълумот нишон медиҳанд. Ман бо чанд тан аз одамоне сӯҳбат кардам, ки ин ду нафарро дар аз замони хурдсолӣ ва даврони таҳсил мешинохтанд. Онҳо мегӯянд, ки Тоҳир Юлдош ва Ҷумъаи Намангонӣ ашхоси мӯътадил ва бомаълумот мебошанд."

Баъзе дигар аз таҳлилгарони ғарбӣ низ ба ин назаранд, ки саркӯб кардани ҳамаи ҷумбишҳои динӣ баръакс онҳоро ба пинҳонкорӣ ва тундравӣ водор мекунад. Пас, роҳи ҳалли ин масъала дар чӣ аст? Шореҳони хориҷӣ, ки минтақаро аз наздик мешиносанд, мегӯянд, ки ба оппозитсиони динии Ӯзбакистон низ роҳи фаъолияти сиёсӣ бояд боз гузошта шавад. Дар баробари он бояд, иқтисод пеш бурда шавад ва ба вижа ба барномаҳои таҳсилу кори насли ҷавон таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардад. Теъдоди бузурги водии Фарғонаро насли ҷавон ташкил медиҳад. Бекориву бемаълумотӣ ва ояндаи норӯшану номуайян ҷавононро ноумед месозад ва онҳо роҳҳои ҳали дигарро ҷустуҷӯ мекунанд.

Дар асл, ин масоили на танҳо водии Фарғона, балки тамоми Осиёи Марказӣ аст, масоиле, ки бидуни ҳалли дурусти онҳо Осиёи Марказӣ наметавонад, оромиву суботи худро тазмин кунад. Дар поён мо аз Кнут Волебек, собиқ раиси САҲА мепурсем, ки оё ӯ дурнамои минтақаро чӣ гуна мебинад:

"Ба назари ман, Осиёи Марказӣ минтақаи муҳиме ҳам барои Аврупо ва ҳам Осиё аст. Зеро ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ, бо манобеъи табиӣ ва ҳам аз лиҳози маданият ин навъе пул ва пайванде миёни Аврупову Осиё мешавад. Вале агар проблемаҳои мавҷудаи минтақа ҳалли худро наёбанд, Осиёи Марказӣ на нируи пешбаранда, балки манбаъи низоъҳои бузург ва монеаи рушд мешавад. Вале ман умедворам, ки бо ҳамкории ҳукуматҳои минтақа ва САҲА мо метавонем, ки аз он низоъҳо ҷилавгирӣ намоем."

XS
SM
MD
LG