Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи зиёда аз 180 кило ҳеройин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон



Мирзонабии Холиқзод

14ҳум ва 16ҳуми декабр марзбонони рус дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбар вориди даргирӣ шуданд. 16ҳуми декабр се тан аз гурӯҳи ҳаштнафараи мусаллаҳон кушта ва 182 кило ҳеройин мусодира гардид.

Шаби ҷумъа ба шанбе дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миёни нирӯҳои сарҳадии Русия ва гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир даргирӣ ба амал омад. Гурӯҳи ҳаштнафараи мусаллаҳ кӯшиш намуд, аз ин марз гузашта, зиёда аз садуҳаштод кило ҳеройинро ба қаламрави Тоҷикистон дохил кунад. Дар натиҷаи задухӯрд се қочоқбар кушта шуд ва панҷ тани боқимонда ба ҳудуди Афғонистон ақибнишинӣ кард. Сухангӯи дафтари матбуотии нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон гуфт, дар ҷойи воқеъа силоҳу муҳимоти қочоқбарон ва 182 килову 700 грамм ҳеройин дарёфт гардид. Ҳаҷми ҳеройине, ки мусодира шуд, дар ҳашт соли фаъолияти нирӯҳои марзбони рус дар Тоҷикистон рекордӣ мебошад. Қаблан марзбонон бори иборат аз яксаду панҷоҳ кило ҳиройинро ба даст оварда буданд. Як рӯз пеш аз ин ҳодиса, 14ҳуми декабр низ бархӯрди мусаллаҳонае миёни марзбонони рус ва гурӯҳи қочоқбарои понздаҳнафара ба амал омада буд. Фармондеҳии нирӯҳои марзбони Тоҷикистон ин воқеъаҳоро тасдиқ карданд ва аз он изҳори ташвиш намуданд, ки гурӯҳҳои қочоқбар аз ҳарду сӯйи марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳамоҳангии хосе нишон доданд. Аҳолии деҳкадаҳои наздимарзӣ дар ҳимояи сарҳади давлатӣ ба марзбонон кӯмак накарда, баракс ба қочоқбарон ёрӣ мерасонанд, то бори марговари онҳо ба ҳудуди Тоҷикистон ворид гардад. Дар натиҷаи ҳамдастӣ бо қочоқбарон бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон гӯё аз шаҳрвандони Афғонистон қарздор шуда, дар ивази вом афғонҳо аъзои ойилаи онҳо, аз ҷумла занону духтаронро ҳамчун гарав ба Афғонистон интиқол медиҳанд. Дар ҳамин ҳол Кумитаи марзбонии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ду қитъаи марз сарҳадбонони тоҷик назорати хатти аввали онро бар ӯҳда гирифтанд. Расонаҳои Русия мегӯянд, ин амал ба афзойиши қочоқ мусойидат мекунад, вале марзбонони тоҷик бар инанд, ки ҳаҷми қочоқ ва кӯмаки аҳолӣ ба қочоқбарон дар ин ду қитъа коҳиш хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG