Пайвандҳои дастрасӣ

Сафар ба воситаи Ӯзбакистон танҳо бо виза



Саидқосими Қиёмпур

Аз аввали соли 2001 ҳамаи сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба воситаи Ӯзбкаистон бо раводиди сафоратхонаҳои ин кишвар сурат мегиранд.

Ҷумҳурии Ӯзбакистон эълон кард, ки бо назардошти дархости сафорати Тоҷикистон дар Тошканд, мӯҳлати сафари бидуни раводидро аз тариқи қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон то якуми январи соли дуҳазору якум тамдид намуда буд ва акнун ин имтиёз ба поён мерасад. Сар аз якуми январи соли 2001 аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба воситаи Ӯзбакистон сафар кунанд, виза ва ё раводиди сафари Ӯзбакистон талаб карда мешавад. Режими сафар бо раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарафи Ӯзбакистон дар таърихи 16ҳуми октябри соли дуҳазорум эълон шуда, он дар айни замон ба сокинони манотиқи ҳаммарзи ду кишвар баъзе сабукиҳо пешбинӣ кардааст. Вале онҳое ки ҳоло дар кишварҳои сеюм ба сар бурда, баъди якуми январ хостори сафари Тоҷикистон ба воситаи Ӯзбакистон мешаванд, бояд дар ҳамин муддати кӯтоҳ гузарномаи хориҷӣ ва раводиди мақомоти Ӯзбакистонро ба даст оранд. Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд гузарномаҳои хориҷиро аз ин вазорат ва ҳамчунин вазорати умури дохилӣ ва раёсатҳои вилоятии умури дохилӣ бигиранд. Вале онҳое ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, барои нав кардани санадҳои худ бояд ба сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Ню-Йорк, Бонн, Вена, Маскав, Анкара, Пекин ва пойтахти кишварҳои муштаракулманофеъ муроҷиат кунанд. Аз он сабаб ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия хеле зиёд аст, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон қарор кардаанд, ки онҳо метавонанд бо гирифтани санади махсус аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои раводиди сафар ба намояндагиҳои Ӯзбакистон муроҷиат кунанд.

XS
SM
MD
LG