Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дигаргуниҳо дар сохтори Ҳукумати Тоҷикистон



Мирзонабии Холиқзод

Ҳайъати махсуси давлатӣ дар баррасии масъалаи ислоҳоти сохтори идории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи ҳалкунандаи фаъолияти худ ворид гашт. Тарҳи таҳиянамудаи ҳайъати мазкур коҳиши ҷиддии шумораи вазорат, кумита ва идораҳои давлатиро дар назар дорад.

Ҳайъати махсуси давлатӣ дар баррасии масъалаи ислоҳоти сохтори идории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи ҳалкунандаи фаъолияти худ ворид гашт. Тарҳи таҳиянамудаи ҳайъати мазкур коҳиши ҷиддии шумораи вазорат, кумита ва идораҳои давлатиро дар назар дорад. Тавре ки узви ҳайъати мазкур, раиси кумитаи саноати Тоҷикистон Зайдуллоҳ Саидов гуфт, вазоратҳое, ки дар дойираи як ришта амал мекунанд, бо ҳам муттаҳид шуда, теъдоди вазорат ва идораҳои давлатӣ кам мешавад. Манбаъҳои ғайрирасмӣ мегӯянд, агар барномаи мазкур ба иҷро расад, аз 56 вазорату идора ва кумитаҳои давлатӣ танҳо 19 вазорату кумита таъсис меёбад, аммо дойираи фаъолияти ин 19 идора густардтар хоҳад буд. Таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки дарвоқеъ мавҷудияти ин миқдор вазорату идора барои Тоҷикистоне, ки ҳамагӣ шаш миллион аҳолӣ дошта, кишвари хурд мебошад, аз ҳад зиёд аст. Онҳо меафзоянд, иштибоҳ дар ин буд, ки дар вақташ ин идораву вазоратҳо барои бо мансаб таъмин кардани ин ё он шахс ташкил ёфтанд ва акнун, ҳангоме ки камсамарии ин сохтор исбот гардид, ҳукумат ба ташкили як сохтори хурдтар, аммо пуркортар ва босамартар рӯй овардааст. Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, тасмими ҳукумат ва ташкили ҳайъати махсуси баррасии масъала бо тавсияи Банки Ҷаҳонӣ ба амал омада, ин банк барои ислоҳоти сохтории ҳукумати Тоҷикистон 10 миллион доллари америкоӣ ҷудо кардааст. Гумон намеравад, ки бо ихтисор ва ё пайванди вазорату идораҳо амалдорони зиёде ба сафи бекорон ҳамроҳ шаванд. Аммо ташвише мавҷуд аст, ки дар ҳоли барканор намудани собиқ фармондеҳон ва ё он амалдороне, ки бо гурӯҳҳои мусаллаҳ робита доранд, мумкин аст, кӯшиши ноором кардани вазъи ҷумҳурӣ пеш гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG