Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти паноҳандагони афғон дар марз номаълум боқӣ мемонад



Саидқосими Қиёмпур

Коммисариати Олии СММ дар умури муҳоҷирон доир ба пазируфтани муҳоҷирони афғон ҷавоб нагуфтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон то ҳанӯз ба тақозои Коммисариати Олии СММ дар умури муҳоҷирон доир ба пазируфтани муҳоҷирони афғон ҷавоб нагуфтааст. Як мақоми ин коммисариат Таслим Раҳмон ба хабарнигори мо гуфт, ки СММ кӯшишҳои худро дар ин роҳ идома дода ва аз ҳукумати Тоҷикитсон, ки созишномаҳои байналмилалиро имзо намудааст, мехоҳад ӯҳдадориҳояшро дар ин бора дар назар гирад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо ҳама омодагиҳои лозимро барои пазируфтани муҳоҷирони афғон доранд, вале мунтазири тасмими ҳукумат мебошанд. Коммисариати Олии СММ гуфтааст, ки муҳоҷиронро бидуни кӯмак нахоҳанд гузошт. Инчунин коммисариати фавқуззикр аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ба баъзе муҳоҷирони бемор иҷозаи табобат дар бемористонҳои Тоҷикистонро диҳад.

XS
SM
MD
LG