Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар гузориши солонаи Ҳюман Райтс Увотч



Салими Аюбзод

Созмони байнулмилалии Ҳюман райтс Увотч вазъи нопойдори амниятии Тоҷикистонро ба иҷро нашудани шартҳои созишномаи сулҳ бастагӣ медиҳад.

Дар соли 2000, менависад Ҳюман Райтс Увотч ҳукумати Раҳмонов бо василаи фиребкориҳои бепарда дар интихоботҳо ҷӯёи чеҳраи қонунӣ шуд. Интихоботҳо охирин қадами ҷиддии давраи гузарише буданд, ки созишномаи сулҳи ҳукумат бо Иттиҳоди оппозисюни тоҷик дар моҳи июни соли 1997 тарҳрезӣ карда буд, аммо нуктаҳои муҳими ин созишнома иҷро нашуданд.Халъи силоҳи размандаҳо ва ислоҳи сохторҳои қудратии ҳукумат нотамом боқӣ монда, квотаи 30дарсадаи мансабҳои давлатӣ ба намояндагони оппозисюн дода нашуд ав раванди оштии миллӣ бозистодааст. Дар ивази ин, меафзояд Ҳюман райтс Увотч, аъзои гурӯҳи минтақавии мансуб ба Кӯлоб қариб ҳамаи мақомҳои муҳими ҳукуматиро дар даст дошта, ҳизби президентии Халқию Демократӣ дар парламент бартарӣ дорад. Тарзи ҳукмронии худхоҳона афзойиш меёбад ва беназмиҳо дар дохили ниҳодҳои низомӣ ва муборизаи қудрат дар миёни ҳарбиёну сиёсиёни ҳукумат давом мекунад. Дар ҷараёни интихоботи парламентии 27 феврал, нозирони байнулмилал мудохилиа давлатро ба ҷараёни интихобот мушоҳида карданд, ки аз мумониат ба ширкати ҳизбҳои мухолиф ва ихроҷи номзадҳо дар марҳилаи сабти ном иборат буда, расонаҳои хабарии давлатӣ маъракаро якҷониба ва бо тақаллубҳо инъикос намуданд. Дар рӯзи овоздиҳӣ як қатор қонуншиканиҳои ҷиддӣ ба назар расиданд. Аз шастусе курсӣ Ҳизби халқию демократӣ сӣ курсиро ба даст овард, ҳаждаҳ ҷой бо онҳое расид, ки номзади мустақил муаррифӣ шаванд ҳам, асосан дар Ҳизби Халқию Демократӣ узвият доштанд ва ё ба ҳукумат наздик буданд. Ҳизби коммунист сездаҳ курсӣ ва Наҳзати исломӣ ду ҷойи нишаст ба даст оварданд. Ҳайъати муштараки нозирон аз Созмони Милал ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо эълон карданд, ки интихобот ба камтарин меъёрҳои демократӣ ҷавоб дода натавонист ва даъват намуданд, овоздиҳӣ дар баъзе ҳавзаҳо лағв гардида, дар баъзе ҳавзаҳо натиҷаҳо аз нав шумурда шаванд. Интихоботи палатаи болоӣ, ки тақрибан бидуни рақобатҳо сурат гирифт,боз аксариятро аз ҳизби президент вориди парламент намуд.

Зӯровариҳои ваҳшиёнаи аъзои ниҳодҳои қудратӣ ва дигар буноҳҳои амниятӣ ба беқонунии умумӣ зам гардида, барои амнияти аксарияти шаҳрвандон таҳдид мекунанд. Ҳюман Райтс Увотч чандин ҳодисаи зӯрнишондиҳӣ, одамрабоӣ ва латукӯби одамони оддиро аз тарафи ҳарбипӯшони Вазорати корҳои дохилӣ, дифоъ ва вазъи фавқулодда ба қайд гирифтааст. Аъзои ин ниҳодҳо дар қатли бемаҳкамаи шаҳрвандон ҳангоми амалиёти кофтуков ва мусодираи силоҳ низ масъул мебошанд. Ҳукумат чанд кӯшиши маҳдуде ба кор бурд, то бо халъи силоҳ ва ҳабси гурӯҳҳои ҷиноӣ вазъи амниятиро беҳбуд бахшад. Аммо иҷро нашудани ду нуктаи созишномаи сулҳ: халъи силоҳи нирӯҳои мухолиф ва ислоҳот дар сохторҳои қудратии давлат сабаби ҳамоно бад будани вазъи амниятӣ мебошад. Яке аз натиҷаҳои мусбат, ки то андозае вазъи амниятиро дар шаҳри Душанбе беҳтар сохт, амалиёти моҳи июн буд, ки дар давоми он силоҳ, сарулибоси ҳарбӣ ва мошинҳои сиёҳшиша мусодира шуданд ва аввалин бор аз соли 1992 ба ин тараф мардум Душанбе бегоҳӣ ҳам дар кӯчаҳо сайр кард. Бо вуҷуди ин таркиш ва тирандозиҳои ҷудогона дар шаҳр рӯй медиҳанд. Фармони моҳи майии президент, ки мебоист наздики ҳазор нафар аз контрактник-ҳоро аз хидмат барканор мекард, метавонист натиҷаҳои хуб диҳад, вале аксари ин афрод дар хидмат боқӣ монданд.

Собиқ фармондеҳони Иттиҳоди оппозисюни тоҷик, ки дар водии Қаротегин мавқеъ доранд, на халъи силоҳ шудаанд ва на мансабҳои давлатӣ гирифтаанд ва ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои мусаллаҳеро сардорӣ мекунанд. Даргирии байни онҳо ва нирӯҳои ҳукуматӣ дар охири август, дар ноҳияи Дарбанд, тибқи хабарҳо, ба сӯхтани манзили одамон ва қатли чорвои онҳо сабаб гардид. Мусаллаҳон исломӣ, ки ба Ӯзбакистон ва Қирғизистон ҳамла карданд, ба он айбдор мешаванд, ки дар ҳмаин манотиқи шимолушарқии Тоҷикистон пойгоҳҳо доранд ва мусаллаҳони Иттиҳоди оппозисюни тоҷик дар ҳамлаи онҳо иштирок кардаанд.

Зӯроварӣ ҳамчунон дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Шонздаҳуми феврал дар Душанбе мошини шаҳрдор Маҳмадсайид Убайдуллоев тарконида шуд ва нойиби вазиру номзад ба узвият дар маҷлис Шамсулло Ҷобиров дар асари ин воқеъа ба ҳалокат расид. Бистуми май раиси Кумитаи садо ва симои Тоҷикистон Сайфулло Раҳимов дар назди хонааш ба қатл расид. Кушта шудани раиси ноҳияи Ғарм Сергей Давлатов дар сеюми июн вазъиятро дар водии Рашт ба мушкилот рӯбарӯ сохт. Созмонҳои байнулмилал намояндагони худро аз водӣ ақиб кашиданд ва то ҳанӯз ба он ҷо барнагаштаанд. Дар ҳамин сол инчунин бархӯрд ва тирпарронӣ миёни чандин ниҳоди амниятии таҳти сарварии фармондеҳони кӯлобӣ ба амал омад.

Мақомоти интизомӣ садҳо нафарро бо айбномаи узвият дар ҳаракати мамнӯъи Ҳизби Таҳрир ва нигаҳдорӣ ва ё тақсими адабиёти зиддидавлатӣ ва иттиҳомоти гуногуни дигар ба ҳабс гирифтанд. Моҳи август ҳафт айбдоршавандаи мазкур ба муддатҳои аз панҷ то дувоздаҳ сол аз озодӣ маҳрум шуда, муҳокимаи сиюҳафт айбдоршавандаи дигар дар вилояти Суғд идома дорад. Тибқи хабарҳо ин ҳабсу муҳокимаҳо бо нигаҳдошти маҳбусон дар ҳуҷраи якнафарӣ ва шиканҷаву бадмуомилагиҳо ҷараён мегиранд.

Расонаҳои электронӣ таҳти назорати ҳукумат боқӣ монда, радиоҳои мустақил аз фаълоият маҳрум мебошанд ва баъзеи онҳо соли сеюм аст, ки иҷозаи расмии ҳукуматро интизорӣ мекашанд. Дар моҳи май хабарнигори Радиои Хорӯғ Умед Маҳмадпаноев, баъди нашри барномааш роҷеъ ба бадмуомилагӣ бо сарбозони бадахшӣ дар артиши миллӣ аз тарафи органҳои умури дохилӣ боздошт шуд ва ҳадафи боспурсиҳо қарор гирифт. Манобеъи маҳаллӣ ва байнулмилал мегӯянд, бо нияти интиқом аз хабарнигор ӯро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд ва ҷузъиёти муносибат бо ӯ дар артиш маълум нест.

XS
SM
MD
LG