Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди созмоҳои байналмилалӣ аз макони паноҳандагони афғон



Саидқосими Қиёмпур

Камиссариати Олии СММ дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон хоҳиш кард, ки марзҳои худро ба рӯи паноҳандагони афғон боз кунад.

Камиссариати Олии СММ дар умури паноҳандагон аз Тоҷикистон хоҳиш кард, ки марзҳои худро ба рӯи паноҳандагони афғон боз кунад. Дар ин бора ҷаноби Таслиму Раҳмон, намояндаи Камиссариати Олии СММ хабар дод, ки ба тозагӣ аз ҷазираҳои ноҳияи Панҷ баргашт. Ба гурӯҳе, ки оғои Раҳмон сарвари мекард, намояндагони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Табибони Бидуни Марз ва Созмони Чаҳонии Озуқа шомил буданд. Ба гуфтаи ин гурӯҳ дар марзи Тоҷикистон наздик ба 10 ҳазор паноҳандаи афғон ҷамъ шудаанд ва бинобар идомаи даргириҳо ба хатар рӯ ба рӯ мебошанд. Ҷаноби Таслму Раҳмон мегӯяд, паноҳандагон ба кӯмак аз ҷумла маводи ғизоӣ, тиббӣ ва сару либоси гарм ниёз доранд. Созмонҳои номбурда масъалаи кӯмак ба паноҳандагони афғонро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG