Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофияи собиқ баландпояи ҳукумат дар додгоҳи кишвар



Хоҷа Мирзода

Додситонҳо дар Тоҷикистон таҳқиқотро дар бораи фасодкории як корманди собиқ ҳукумати Тоҷикистон такмил карда ва роҳро барои маҳкама боз намуданд.

Додситонҳо дар Тоҷикистон таҳқиқотро дар бораи фасодкории як корманди собиқ ҳукумати Тоҷикистон такмил карда ва роҳро барои маҳкама боз намуданд. Дар ин бора додситони кули Тоҷикистон рӯзи Душанбе хабар дод. Ҷаҳонгир Рӯзиев собиқ раиси кумитаи сангҳои гаронбаҳо ба чанд ин ҷиноят аз ҷумла, қочоқ, ихтилос ва даст доштанд дар куштори сӣ шаҳрванди Тоҷикистон, муттаҳам мешавад. Рӯзиев, ки дар ҷанги шаҳрвандии 5 солаи Тоҷикистон яке аз фармондеҳони тарафдори ҳукуматӣ буд, аввали соли ҷорӣ боздошт шуд. Идораи додситонӣ гуфт, Рузиев дар вақти раиси кумитаи сангҳо буданаш 16 зумради гаронбаҳоро бо арзиши 28 миллион доллар аз кишвар қочоқӣ хориҷ намуда, дар Олмон ба фурӯш расондааст.

XS
SM
MD
LG