Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон боз дошта шуданд



Соҷидаи Мирзо

Хабарнигори Радио Озодӣ аз Душанбе иттилоъ медиҳад, ки ҳудуди 40 мошини озуқа ва чандин мошини сабукрави шаҳрвандони Тоҷикистон, тайи ду ҳафта дар марзи Қазокистон ва Узбекистон аз ҷониби сарҳадбонон ва пулиси узбек боз дошта шудаанд.

Хабарнигори Радио Озодӣ аз Душанбе иттилоъ медиҳад, ки ҳудуди 40 мошини озуқа ва чандин мошини сабукрави шаҳрвандони Тоҷикистон, тайи ду ҳафта дар марзи Қазокистон ва Узбекистон аз ҷониби сарҳадбонон ва пулиси узбек боз дошта шудаанд. Аз Тошканд гузориш мешавад, ки танҳо дар нуқтаи марзии Довудатаи вилояти худмухтори Қароқалпоқистон, беш аз 30 мошини шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба хоки Узбекистонро гирифта наметавонанд. Дар аксари маворид, мақомоти Узбекистон даъво мекунанд, ки ронандагони ин мошинҳо тартиботи гузариши транзитӣ аз қаламрави Узбекистонро ба ҷо намеоранд. Аммо ин иддаъо аз тарафи баъзе аз ронандагони мошинҳо такзиб шудааст.

XS
SM
MD
LG