Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза алайҳи фақр дар Тоҷикистон



Соҷидаи Мирзо

Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон бо пахши баёнияи муфассале эълом кард, ки 73 дар сади мардуми кишвар дучори фақру бебизоатӣ ҳастанд.

Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон бо пахши баёнияи муфассале эълом кард, ки 73 дар сади мардуми кишвар дучори фақру бебизоатӣ ҳастанд. Раиси идораи омори Тоҷикистон Ҳабиб Ғайбуллоев ба Радиёи Озодӣ гуфт, дар ин баррасӣ меъёри фақри моҳона 20 сомонӣ барои ҳар узви хонавода ҳисоб шудааст. Дар барномаи ҳукумати Тоҷикистон аз чанд имконият барои мубориза бо фақр дар 10 соли оянда сӯҳбат мешавад. Дар барнома аз он ҷумла ба лузуми боло бурдани иқтисодиёт, афзоиши содироту воридот ва ҷамъоварии андоз ишора мешавад, вале гуфта нашудааст, ки ҳукумат чӣ тавр мехоҳад ба ин ҳадафҳо ноил гардад.

XS
SM
MD
LG