Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии парвандаи 8 узви Ҳизбу-т Таҳрир



Соҷидаи Мирзо

Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи 8 узви Ҳизбу-т Таҳрирро шурӯъ кард, ки ба ташкили ғайриқонунии созмон, барангехтани низоъи миллию қавмӣ ва бо роҳи зӯри сарнагун сохтани давлат муттаҳам шудаанд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи 8 узви Ҳизбу-т Таҳрирро шурӯъ кард, ки ба ташкили ғайриқонунии созмон, барангехтани низоъи миллию қавмӣ ва бо роҳи зӯри сарнагун сохтани давлат муттаҳам шудаанд. Манобеи додгоҳи миллӣ мегӯянд, ки дар сурати исботи гуноҳ ҳар яке аз 8 то 10 сол зиндонӣ хоҳад шуд. Мақомоти додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, ду тан аз айбдоршудагон масъулони Ҳизбу-т Таҳрир дар ноҳияи Ленин буданд. Ҳамин мақомот илова мекунанд, ки аксари тарафдорони Ҳизбу-т Таҳрир аз водии Фарғона сарчашма мегиранд.

XS
SM
MD
LG