Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёфт шудани амбори аслиҳа ва машқҳои ҳарбӣ дар Суғд



Мирзонабии Холиқзод

Ёфт шудани як амбори аслиҳа дар манзили раиси собиқи Тоҷикматлубот боиси тахминҳои нав дар бораи ҳуҷуми навбатии Маҳмуд Худойбердиев шуд.

Ёфт шудани як амбори аслиҳа дар манзили раиси собиқи Тоҷикматлубот боиси тахминҳои нав дар бораи ҳуҷуми навбатии Маҳмуд Худойбердиев шуд

Аз хонаи Ҳабиб Насруллоев, раиси собиқи ҷамъияти Тоҷикматлуботи Тоҷикистон аз ҷониби ниҳодҳои масъул амбори аслиҳа ёфт гардид. Ҳабиб Насруллоев баъди ҳамроҳ шуданаш ба шӯриши полковник Маҳмуд Худойбердиев ва ба шикаст мувоҷеҳ шудани он соли 1997 аз Тоҷикистон фирор карда буд. Ин аст, ки маҳз дар манзили Ҳабиб Насруллоев ёфт шудани амбори аслиҳа боиси эҷоди тахминҳои наве дар мавриди ҳуҷуми навбатии гурӯҳи Худойбердиев ба Тоҷикистон гардид. Ҳарчанд ки мақомоти масъули кишвар мегӯянд Маҳмуд Худойбердиев шонси ба хоки Тоҷикистон ҳамла кардан надорад, як манбаъ ба хабарнигори родиёи Озодӣ дар Душанбе гуфт, эҳтимолан Маҳмуд Худойбердиев баъди баста шудани ағбаи Анзоб метавонад ба чунин амал даст бизанад. Рӯзҳои ахир дар вилояти Суғд машқҳои ҳарбӣ гузаронида шуд ва аҳолии манотиқи наздисарҳадӣ ҳам ба он ҷалб шуданд.Аммо маълум нест, ки ин машқҳо то чӣ ҳад бо ташвишҳои марбут ба гурӯҳи Худойбердиев робита доранд.

XS
SM
MD
LG