Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳёи нашри китоб



Мирзонабии Холиқзод

БшЮЮНИСЕФ ба чопи китобҳои дарсӣ дар Тоҷикистон кӯмак мерасонадБҷшЮБикЮ

БшЮЮНИСЕФ ба чопи китобҳои дарсӣ дар Тоҷикистон кӯмак мерасонадБҷшЮБикЮ

Пас аз танаффуси тӯлонӣ чопхонаҳои Тоҷикистон аз нав ба нашри китобҳои дарсӣ ва осори адибони тоҷик шурӯъ намуданд. Ба гуфтаи мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин кор бо мадади созмонҳои байнулмилал имконпазир гардид. Солҳои охир дар асари камбуди ҷиддии сармоя ва муҳимоти табъу нашр дар Тоҷикистон фақат аҳёнан китобе ба нашр мерасид. Дар натиҷаи рукуд таҷҳизоти чопхонаҳо тадриҷан хароб гашта, мутахассисони бомаҳорат риштаро тарк намуданд ва меъёрҳои баланди нашри китоб рӯ ба коҳиш ниҳоданд. Танҳо имсол бо кӯмаки созмонҳои байнулмилал ҷунбише дар риштаи табъу нашр ба назар расид. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои густариши чопи китоб ширкати саҳҳомии "Матбуот"-ро таъсис дод, ки ба ҷалби сармояи созмонҳои байнулмилал, ширкату корхонаҳо ва шахсони алоҳида машғул мешавад. Олимҷон Салимзода, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дар панҷ моҳи соли равон нашриётҳои мо наздик ба бист номгӯй китобро чоп карданд, ки ними онҳоро китобу дастурҳои мактабӣ ташкил медиҳанд. Нашри китобҳои дарсиро созмони ЮНИСЕФ маблағгузорӣ намуд. Ҳамчунин аз ҳисоби сармояи гирдомада, чандин асари муҳим ва осори адибон Гулназар, Саидалии Маъмур, Ҳадиса ва Ғаффор Мирзо ба нашр расиданд. Ба гуфтаи намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, кӯшиши асосӣ ба чопи китобҳои дарсӣ равона мешавад, зеро дар ҳоли ҳозир ба ҳар се шогирди мактаб дар Тоҷикистон фақат як китоби дарсӣ рост меояд. Инчунин ба нашри луғату фарҳанг ва вожаномаҳо низ бартарӣ дода мешавад. Ноширони тоҷик мехоҳанд аз камтарин имконият низ истифода бурда, риштаи як замон густарда ва машҳури чопи китобро дар Тоҷикистон поянда нигаҳ доранд.



XS
SM
MD
LG