Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаи заҳролуди филизи заррин



Хоҷа Мирзода

Даъвати Созмони Милали Муттаҳид ба коҳиши истифодаи заҳрҳои кимиёвӣ дар саноати тилло

Бо Даъвати Созмони Милали Муттаҳид ба коҳиши истифодаи заҳрҳои кимиёвӣ дар саноати тилло

Дар тӯли даҳсолаҳо саноати истихроҷи тилло аз маҳлулҳои радиоактивии тсианид истифода мекунад ва борҳо бар асари садама ин мавод табиатро заҳролуд кардааст. Моҳи январи соли равон миқдори хеле калони маҳлулҳои тсианӣ аз кони тиллои Байа Мареи Романия наҳрҳои ин минтақаро заҳролуд намуда, таваҷҷӯҳи аҳли оламро ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб кард. Бар пояи омори табиатшиносон сад ҳазор метри кубии оби заҳролуд дар натиҷаи вайроншавии садди об ба наҳрҳои минтақа рехта, дар тӯли садҳо километр мавҷудоти зиндаро аз байн бурд. Тасодуфҳое, ки қаблан дар конҳои тилло ба вуқӯъ пайваста буданд, масалан дар Канада, Қирғизистон ё Папуа Гвинея, дар манотиқи дур аз нуқоти аҳолинишин ба амал омада буданд ва таъсири он аз як минтақаи мушаххас берун набуд. Ҳодисаи Байа Маре бузургтарин шабакаи рӯдҳоро дар қалби Аврупо заҳролуд кард. Нишасти Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки дар охири моҳи май дар Париж ифтитоҳ ёфт, ҳамчун паёмади мустақими фоҷеаи кони тиллои Байа Маре арзёбй мешавад. Коршиносони саноати тилло, СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкориҳои Иқтисодиву Рушд, Банки Ҷаҳонй ва мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист гирди ҳам омаданд, то меъёрҳои истифодаи заҳрҳои гуногунро дар шустани тилло муайян кунанд. То ин ки фоҷеаҳои ба монанди Байа Маре дигар такрор нашаванд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ хонум Ванда Ҳоскин, ҳамоҳангсози барномаи ҳифзи муҳити зисти СММ дар бораи натиҷаҳои нишасти мазкур чунин маълумот дод:

"Дар охири ду рӯзи баҳсҳо ҳар иштироккунанда розӣ буд, ки бояд дар мавриди истифода аз моддаҳои тсианӣ қонунҳову меъёрҳои зарурӣ муқаррар шаванд. Онҳо ба мувофиқат расиданд, ки то охири соли оянда чунин санадҳоро таҳия намоянд. Мақсад ин аст, ки дар тӯли тахминан 12 моҳ лоиҳаи қонун ва дастурҳои тарзу ҳаҷми истифодаи маҳлулҳои тсианӣ таълиф шавад."

Ванда Ҳоскин ба он ишора мекунад, ки ширкатҳои кимиёӣ қонунҳои дақиқ ва дастурҳои истеҳсол, нигаҳдошт ва интиқоли маҳлули тсианиро доранд ва тибқи он амал мекунанд. Аммо дар саноати тилло чунин меъёрҳо муайян нашудаанд. Бар замми он меафзояд Ванда Ҳоскин баъзан обанборҳо ва хусусан садҳои оби конҳои тилло, ба талаботи амниятй ҷавобгӯ нестанд. Аз ин рӯ ходимони саноати тилло бояд меъёрҳои ташкили обанборҳои шустушӯи тилло ва тарзи истифодаи моддаҳои заҳолудро зери назорати шадид бигиранд. Хонум Ҳоскин мегуяд, ки дар оғоз иҷрои меъёрҳои истихроҷи тилло довталабона хоҳад буд. Сипас созмонҳои байналмилал аз кишварҳои истихроҷкунандаи тилло қабул ва татбиқи ин меъёрҳоро талаб хоҳанд кард. Як идда кишварҳои олам, аз ҷумла Туркия ва баъзе аёлатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Америка, истифодаи маҳлулҳои тсианидро дар истихроҷи тилло комилан манъ кардаанд. Ширкатҳои истихроҷ ва коркарди тилло дар ноҳияҳои Панҷакент ва Дарвози Тоҷикистон низ дар мавриди корбасти заҳри тсианид пойбанди ҳеҷ гуна маҳдудият нестанд ва Тоҷикистонро низ зарур меояд ба ин мавзӯъ таври ҷиддӣ бархӯрд кунад.

XS
SM
MD
LG