Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет ва е-майл дар Тоҷикистон



Салими Аюбзод

БшЮГустариши Интернет дар ТоҷикистонБикЮ Почтаи электронӣ Хорӯғро бо ҷаҳон бипайвастБикЮ Монополия - монеаи асосии пешрафтБҷшЮБикЮ

БшЮГустариши Интернет дар ТоҷикистонБикЮ Почтаи электронӣ Хорӯғро бо ҷаҳон бипайвастБикЮ Монополия - монеаи асосии пешрафтБҷшЮБикЮ

Дар нимаи аввали моҳи июни соли равон Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз Хорӯғ, аз хабарнигори худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон паёми электронӣ гирифт. Чанд сатри кӯтоҳ муждарасони ин шуд, ки яке аз дурдасттарин нуқтаҳои Тоҷикистон бо василаи меваи фанновариҳои нав бо тамоми дунё васл гардид. Хабари дигар ин буд, ки нахустин маҷаллаи электронии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет арзи вуҷуд намуд. Яке аз муассисони ин маҷалла, сардабири нашрияи "Бизнесмен" Рухшона Олимова гуфт, бо вуҷуди чунин пешрафт, суръати густариши Интернет дар Тоҷикистон нисбат ба Ӯзбакистону Туркманистон оҳистатар мебошад. Нуқоти васл бо Интернет дар Ӯзбакистон ба дуним ҳазор адад ва дар Туркманистон ба ду ҳазор адад расид. Аммо ҳамин шумора дар Тоҷикистон дар ҳамон сатҳи 80-100 боқӣ монд. Сабаби асосӣ, ба ақидаи хонум Олимова гаронии нархи истифода аз Интернет мебошад. Як соати истифода аз шабакаи ҷаҳонии маълумот дар Тоҷикистон 6 доллар қимат дорад, ки барои баъзе қишрҳои ҷомеа ба дастмузди якмоҳа баробар мебошад. Нарх дар инҳисори ширкати "Телеком Текнолоҷӣ" қарор дошта, намояндагони ширкат мегӯянд, ҳеҷ кас дар ташкили кор ва харидани таҷҳизот ба онҳо ёрӣ нарасонидааст, аз ин рӯ бояд харҷи худро бароранд ва манфиат бардоранд. Ширкати мазкур то андозае дар ҳимояти ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекунад. Кӯшиши Бунгоҳи рушди Осиёи Марказӣ ва ё КАДА дар роҳи эҷоди рақобат дар бозори фанновариҳои нав натиҷаҳои дилхоҳ надодааст. Ҳол он ки маҳз ҳамин ниҳод дар навбати аввал, дар соли 1995 Интернет ва почтаи электрониро ба Тоҷикистон оварда, истифодаи онҳоро барои муддати ибтидоӣ бепул ба роҳ монда буд. Раиси маҳфили матбуоти Тоҷикистон Далер Амонов гуфт, барои муайян намудани сатҳи таваҷҷӯҳи шаҳрвандони кишвар ба Интернет ва почтаи электронӣ миёни се гурӯҳи аҳолӣ: бозаргонон, рӯзноманигорон ва донишҷӯён пурсиши афкор баргузор гашт. Натиҷа ин буд, ки дар Тоҷикистон аз ҳама зиёдтар ба истифодаи Интернет бозаргону соҳибкорон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Ҷаноби Амонов гуфт, навад дарсади донишомӯзони тоҷик дар бораи Интернет чизе намедонанд, вале аксари кулли онҳо хоҳиши омӯзиши падидаи нав ва истифода аз онро доранд. Эҳтимолан орзуи бахше аз донишомӯзон ва пажӯҳишгарони тоҷик бо корбасти хайрияи бахши илм ва фарҳанги Созмони Атлантики Шимолӣ (НАТО) дар ҳаҷми 300 ҳазор доллар ҷомаи амал бипӯшад. Аммо агар монополияи Интернет дар Тоҷикистон шикаста нашавад, ин ва кӯмакҳои дигари байнулмилалӣ самари дилхоҳ нахоҳанд овард.

XS
SM
MD
LG