Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳолӣ набояд дар низоъҳои Ӯзбакистон ва Қирғизистон қурбон шавад!



Салими Аюбзод

Созмони байнулмилали нозири ҳуқуқи инсон: Созмони Дидабони Ҳуқуқи Инсон дар робита бо бархӯрдҳои мусаллаҳона дар Ӯзбакистон ва Қирғизистон аз тарафҳои низоъ: нирӯҳои ҳукуматӣ ва ошӯбгарони исломӣ тақозо кард, ки қоидаҳои низоъи мусаллаҳонаро риоят кунанд.

Созмони байнулмилали нозири ҳуқуқи инсон: Созмони Дидабони Ҳуқуқи Инсон дар робита бо бархӯрдҳои мусаллаҳона дар Ӯзбакистон ва Қирғизистон аз тарафҳои низоъ: нирӯҳои ҳукуматӣ ва ошӯбгарони исломӣ тақозо кард, ки қоидаҳои низоъи мусаллаҳонаро риоят кунанд. Ин ниҳод ҳамчунин аз густариши фишору таъқиб дар Ӯзбакистон алайҳи диндорон ва мухолифони сиёсӣ ҳушдор дод. Дар вилояти Сурхондарё, бо сабаби инки ҳукумат дар баробари ошӯбгарон аз нирӯҳои ҳавоӣ ва танку тӯпхонаро истифода мекунад, зиёда аз ҳазор шаҳрванди осойишта аз маконашон кӯчонида шуданд. Гуфта мешавад, ошӯбгарон таҳти фармондеҳии Ҷумъаи Намангонӣ, мухолифи сарсахти президент Ислом Каримов, аз Тоҷикистони ҳамсоя вориди Ӯзбакистон шуда, дар ин ҷо пойгоҳҳо сохтанд. Онҳо озодии диндорони ба гуфтаи онҳо бо тӯҳмат зиндонишударо талаб мекунанд ва мегӯянд, бояд дар кишвар қонуни шариат ҷорӣ гардад. Иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар дафтари Созмони Дидабони Ҳуқуқи Инсон Рейчел Денбер мегӯяд, ин як низоъи дохилист ва дар он бояд қоидаҳои махсуси ҳимоят аз шаҳрвандон рияот шаванд. Тарафҳои низоъ бояд ҳама кӯшишро бикунанд, то аз қурбон гаштани аҳолии мулкӣ пешгирӣ ба амал ояд. Аммо дар ҳоли ҳамлаҳои ҳавоӣ хатари қурбон шудани мардуми ғайринизомӣ ба маротиб меафзояд. Роҷеъ ба мавҷудияти як силсила қоидаҳои маълуми ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҷараёни низоъҳои мусаллаҳона, мудири бахши Созмони Дидабони Ҳуқуқи Инсон дар Маскав Александр Петров, ки авзоъро дар манотиқи бархӯрдҳо ба мушоҳида гирифтааст, чунин мегӯяд: "Аввалин чизе ки бояд дар мадди назар дошта шавад ин аст, ки набояд аҳоле ки на бо хости худ дар минтақаи низоъ ҳозир мебошад, зарар бинад. Чандин чора тавсия мешавад, аз ҷумла баровардани аҳолӣ аз ин минтақа, ҳадаф қарор надодани иншооти мулкӣ, ҳадаф қарор надодани ҷойҳе, ки мумкин дар он ҷо аҳолии осойишта ҳузур дошта бошад ва монанди инҳо. Хуллас тамоми таъиноте ки дар протоколҳои якуму дуюми қатъномаи Женев аз соли 1949 формулбандӣ шудаанд." Дар Ӯзбакистон, мегӯяд, Созмони Дидабони Ҳуқуқи Инсон, нирӯҳои ҳукуматӣ назорати дубораи чанд русторо ба даст овардаанд ва дар ин ҷо амалиёти поккориро шурӯъ намудаанд. Мазмун ин аст, ки ҳабси гумонбарони кӯмак ба мусаллаҳон ва ё ширкат дар низоъ ба амал меояд. Ин боз як ташвиши дигарест дар робита бо ҳуқуқи инсон, мегӯяд хонум Денбер. Ӯзбакистон бо ҳабсҳои бемаҳкама ва шиканҷа дар зиндонҳо машҳур аст. Дар ду соли охир, тибқи гузориши созмони Созмони Дидабони Ҳуқуқи Инсон , ҷавобан ба чандин ҳолати амниятӣ, ҳукумати Ӯзбакистон ҳазорон нафарро бо айбмонии "тундравии динӣ", нашри шабномаҳои мазҳабӣ ва узвият дар созмонҳои мамнӯъи исломӣ ба ҳабс гирифтааст. Одамоне ки дар масҷидҳои ғайри назорати давлатӣ намоз хондаанд, аз понздаҳ то бист сол зиндонӣ шудаанд. Ҳафтаи гузашта мудири шӯъбаи минтақавии хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон дар Тошканд Фахриддин Турсунов аз шаҳрвандон талаб кард, ки дар боздошти тарафдорони террорисм ва паҳнкунандагони шабномаҳо ба полис ёрӣ расонанд. Дар миёни чораҳои қонунии таҳкими амнияти давлат ва понздаҳ сол маҳбус кардани одамон танҳо барои онки мумкин шабномаи динӣ дошта бошанд, фарқи бузурге мавҷуд аст, мегӯяд Рейчел Денбер, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар дафтари Созмони Дидабони Ҳуқуқи Инсон дар НюЙорк.

XS
SM
MD
LG