Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқотҳо дар Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ



Салими Аюбзод

Дар Теҳрон нишасти Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он сарони даҳ кишвари узв масъалаи таҳкими равобити байниҳамиро баррасӣ намуданд.

БшЮКишварҳои Осиёи Марказӣ дар нишасти Созмони Ҳамкории БикЮИқтисодӣ (ЭКО) дар ТеҳронБҷшЮ БзЮДар Теҳрон нишасти Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он сарони даҳ кишвари узв масъалаи таҳкими равобити байниҳамиро баррасӣ намуданд. Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар соли 1985 бо ташаббуси Эрон, Туркия ва Покистон таъсис ёфта, дар соли 1992 Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва дар соли 1993 Афғонистонро ба узвият пазируфтааст. Бозсохт ва беҳбуди роҳҳои нақлиётӣ, мухобира, ҳамкориҳои энержӣ, ҳифзи эътидол ва амният аз мавзӯъҳои асосии дидорҳои Теҳрон буданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз ширкаткунандагони нишаст даъват намуд, ки корҳои амалиро оғоз карда, бо барномаҳои мушаххас ҳамкории судманд ва дарозмуддатро поягузорӣ намоянд. Дар айни ҳол президент Раҳмонов аз он изҳори таассуф кард, ки дар чаҳорчӯби фаъолияти ЭКО бештар ба кишварҳое таваҷҷӯҳ мешавад, ки соҳиби захираҳои бузурги инрежӣ ҳастанд. Мизбони нишасти сарон -- Эрон кӯшиш намуд, мавзӯъи мақоми ҳуқуқии баҳри Хазар ва тарзи истихроҷи нафту гази онро ба масъалаи марказии ҷамъомад табдил диҳад. Дар мулоқоти алоҳида президенти Тоҷикистон бо ҳамтои эронии худ Муҳаммади Хотамӣ муносибатҳои дуҷониба ва роҳи осоиштаи ҳалли низоъи Афғонистонро баррасӣ намуданд. Бо вуҷуди ин ки бархе аз созишномаҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, аз қабили сохтмони шабакаҳои роҳи оҳан ва мошингард, мухобира, молиёту сармоягузорӣ, кишоварзӣ, ва монанди инҳо татбиқ мешаванд, ба сурати куллӣ мушкилоти сиёсии дохили кишварҳо ва миёни онҳо ба монеаи асосии густариши ҳамкориҳо табдил ёфтааст.

XS
SM
MD
LG