Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари президенти Русия ба Осиёи Марказӣ ва ҳодисаҳои Ӯзбакистон



Ҳабиби Ҳошимӣ

Президенти Русия Владимир Путин дар сафари ахираш ба Осиёи Марказӣ аз бархӯрди ҷиддии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ алайҳи размандаҳои исломӣ ҳимоят намуд.

Президенти Русия Владимир Путин дар сафари ахираш ба Осиёи Марказӣ аз бархӯрди ҷиддии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ алайҳи размандаҳои исломӣ ҳимоят намуд. Аз он вақт ба баъд, Ӯзбакистон оппозитсюни сиёсии кишварро ба баҳонаи таҳдиди исломӣ таҳти фишори бештар қарор дода ва теъдоди зиёдро боздошт намудааст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳарос доранд, ки кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам ба ҳимояти зимнии Русия айни равишро дар пеш хоҳанд гирифт. Пирӯзии Толибон дар Афғонистон, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва гаравгонгирӣ дар Қирғизистон, дар наздикии сарҳади Ӯзбакистон ҳодисаҳоеанд, ки тарс аз терроризми бунёдгароёни исломиро дар саросари минтақа рӯзафзун сохтааст. Русия ин ҳодисаҳоро бо дохил шудани размандаҳои Чечен ба Доғистон марбут сохта мегӯяд, ки ҷанг дар Чеченистон бахше аз мубориза алайҳи размандаҳои исломӣ дар ин минтақа мебошад. Дар Ӯзбакистон бо баҳрабардорӣ аз ин тарс на танҳо гурӯҳҳое, ки ба ҳимоят аз терроризм муттаҳаманд, балки ҳамаи онҳое, ки бо президент Ислом Каримов мухолифанд, таҳти таъқибу озор қарор гирифтаанд. Охирин масъалае, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар моҳи ҷорӣ дар бораи он хабар доданд, масъалаи Баҳодур Ҳасанов мебошад. Ӯ, ки як мусулмони диндор ва обид аст, моҳи гузашта тавассути кормандони вазорати умури дохилии Ӯзбакистон боздошт шуд ва аз он рӯз ба баъд нопадид мебошад. Полиси Ӯзбакистон на дар бораи маҳалли иқомати Ҳасанов маълумот медиҳад ва на ҳам иҷозат медиҳад, ӯ бо вакили мудофеъаш дар тамос шавад. Ҳасанов дар зарфи як сол се бор якҷо бо падар ва бародараш боздошт шудааст. Сарнавишти ӯ беҳтарин намунаи тасфия ё тозакунӣ мебошад. Савол дар он аст, ки оё ӯ ба ғайр аз ин, ки диндор ва мусулмони побанд ба усули исломист, кадом кори хилофе анҷом дода: оё ӯ фаъоли сиёсист, оё ӯ узви ягон гурӯҳ аст ё ғайра? Аз кӯшиши сӯиқасд ба ҷони президент Каримов дар феврали соли 1999 ба ин сӯ, мухолифони ӯ ба таври муназзам таҳти таъқиб ва озор қарор гирифтаанд. Дар он замон Каримов ин ҳуҷумро тавтеъаи тундравон донист, яъне гурӯҳе, ки Каримов онро бунёдгароёни исломӣ медонад. Аммо баъдтар Каримов аз раҳбари ҳизби манънашудаи "ЕРК" Муҳаммад Солеҳ, ки дар беруни кишвар умр ба сар мебарад, ҳамчун танзимкунандаи тархишҳои моҳи феврал ном бурд ва боздошт ва интиқоли ӯро ба Ӯзбакистон талаб намуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ба монанди Афви байналмиллал, �Ргъфт Кшпреҳ Цфеср� ва ҷамоъаи ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ, ки маркази он дар Маскав мебошад, мегӯянд, ки чандин ҳазор нафар ба сабаби ақидашон ба ҳабс гирифта шудаанд. Онҳо илова мекунанд, ки баъзан ашхос ба сабаби гузоштани риш ҳам тундрав ва бунёдгаро дониста мешаванд. Абдулфаттоҳ Манапов аз ҷамоъаи ҳимояти ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки Каримов ҳамаи мухолифони худро тундрав медонад, зеро таҳдиди исломӣ ҳам дар минтақа ва ҳам дар Русия чунон тарсовар аст, ки ӯ ба ин баҳона бисёр корҳои дигарро низ анҷом медиҳад. Манапов ҳарос дорад, ки наздикии охири дипломатӣ байни Русия ва ҳамсояҳои ҷанубиаш ин ҷараёнро шояд ҷиддитар ва амиқтар созад. Оқои Манапов меафзояд, ки гузаштаи оқои Путин дар созмони КГБ ва суханони ҷиддии ӯ дар бораи манфиатҳои Русия дар Осиёи Марказӣ хотираҳои начандон дуреро, ки Шӯравӣ дар ин минтақа ҳокимият меронд, зинда сохтааст. Дар он замон посухи шадид ва қаҳромези Шӯравӣ ба ҳар шӯриш ва қиём ҳукуматдорони даврони шӯравии Осиёи Марказиро маҷбур месохт, ки ба таҳдидҳо таслим шаванд. Манапов меафзояд, ки онҳо, яъне президенҳои Осиёи Марказӣ, аз хадамоти махсус ва тавоноии ин хадамот хеле тарс доранд. Он чизе, ки ин хадамоти махсус бо Ҳафизулло Амин дар Афғонистон кард ва чизе, ки онҳо дар соли 1956 дар Маҷористон ва соли 1968 дар Чехословакия анҷом дод, фаромӯш нашуда ва ин дар хуни синфи ҳокими Русия вуҷуд дорад. Ва ин ҳолат раҳбарони Осиёи Марказиро метарсонад то онҳо дубора ба Русия рӯ оварданд. Танқиди охири ҷомеъаи байналмиллалӣ аз интихоботи ғайримунсифона Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам сабаб гардид, ки ин кишварҳо дубора ба ҳамсояи бонуфуз, аммо богузашташон рӯ оваранд. Манапов меафзояд, ки истифодаи Ӯзбакистон аз истилоҳи тундрав барои мухолифони сиёсиаш шояд ҳамчун намуна мавриди истифодаи дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор гирад.

XS
SM
MD
LG