Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссия оид ба ором кардани вазъ дар Тоҷикистон дар кори худ муваффақ аст



Мирзонабии Холиқзод

Узви комиссияи махсуси ҳукуматӣ оиди ба эъттидол овардани вазъ дар навоҳии шарқи Тоҷикистон, раиси ширкати Коммунсервис Маҳмадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, ки комиссияи мазбур дар давоми фаъолияти хеш тавонист, вазифаи худро навад дар сад анҷом диҳад.

Узви комиссияи махсуси ҳукуматӣ оиди ба эъттидол овардани вазъ дар навоҳии шарқи Тоҷикистон, раиси ширкати Коммунсервис Маҳмадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, ки комиссияи мазбур дар давоми фаъолияти хеш тавонист, вазифаи худро навад дар сад анҷом диҳад. Ҷалби он фармондеҳони пешини опозитсюн, ки ба ҳеҷ тараф итоъат намекарданд, ба ин ё он вазифа бо ҷои кор таъмин намудани размандаҳое, ки ба зиндагии мулкӣ рӯй овардаанд, ба низом овардани постгоҳҳо дар роҳҳои мошингарди Душабе-Ғарм-Тавилдара, фош намудани ҳодисаҳои куштор дар ин навоҳӣ, ки дар чанд моҳи охир сар задаанд аз вазифаҳои аслии ин комиссия ба шумор мераванд. Мулло Абдулло, Шайх Алӣ, Ҷунайдулло ва Ҷшони "Дароз" аз зумраи он фармондеҳони пешини оппозитсюн мебошанд, ки бо кӯшиши ҳамин комиссия ба вазифаҳои нав ҷалб карда шудаанд. Беитоъатии онҳо дар гузашта ҳар лаҳза метавонист дар минтақаи шарқии кишвар барои ҳукумат дарди сар Ҷҷод шавад. Ҳамин тавр Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар робита ба натиҷаҳои охири фаъолияти комиссияи мазбур мегӯяд: гурӯҳҳои собиқ опоситсюн, ки шомили ягон сохторҳо набуданд, бо қарор ба пешниҳоди комиссия ва вазоратҳои қудратӣ шомил шуданд. Гурӯҳи махсус таъсис дода шуд, ки қароргоҳҳояшонро муайян кард ва онҳо дохили қароргоҳҳо шуданд. Як баталёни махсуси дар вазорати дифоъ таъсис дода шуд, ки собиқ фармондиҳи опозитсиён Ҷунайдулло раҳбари ин баталён таъин шуд ва Ҷшони Фатҳулло лақабаш "Дароз" муовини ӯ таъин шуд, ки то ин вақт шомили ҳеҷ сохтор набуданд ва аз ҳамин сабаб баъзе мушкилиҳо ҳам барои худи онҳо ва ҳамчунин барои минтақаи Кофарниҳон ба миён меоваранд. Дар ҳоли ҳозир комиссия ба масъалаи бо ҷои кор таъмин намудани размандаҳое машғул аст, ки ба зиндагии мулкӣ рӯй овардаанд. Теъдоди ин афрод то ҳол дақиқ нашудааст аммо баъзе аз ин манбаҳо шумораи онҳоро беш аз шашсад нафар нишон медиҳанд ва синни аксари онҳо аз 18 то 25 сола мебошад. Аммо пурсида мешавад, ки роҳи ҳалли масъалаи мазбур чӣ гуна хоҳад буд? Узви Комиссия Маҳмадрӯзӣ Искандаров мегӯяд: "мушкилоте, ки боқӣ мондаанд, бо ҷои кор таъмин кардани он размандаҳоест, ки ба кори мулкӣ гузаштанд ва мушкилоти асосиашон дар он аст, ки онҳоро хонодан ва омӯзондан даркор аст ё ни ки ба мактабҳои олӣ ё махсус дохил кардан даркор ва дар ин ҷо масъалаҳое ҳаст, ки ҳалшаванда ҳастанд". Бинобар иттилоъи бархе аз манбаҳо ҳанӯз ҳам бетартибиҳо ва адами амният дар роҳи мошингарди Душанбе - Ғарм - Тавилдара вуҷуд дорад. Сокинони ин навоҳиӣ ҳангоми ҳамлу нақли боғу замини хеш аз тарафи афроди постгоҳҳои қонунӣ ва ғайриқонунӣ дар ин роҳҳо дучори азият мешаванд. Оё комиссия дар ин дафъа чорае хоҳад андешид? Оқои Искандаров меафзояд: фикр дорам, ки мо вазъияти пурраи роҳҳои мошиниро зери назорат гирифтаем, ҳар як мошини рафту-омадагиро пурсон мешавем ва аз тамоми мушкилоте рӯй медиҳад аз бохабар ҳастем ва медонем, ки ҳам постҳои қонунӣ ва ғайриқонунӣ барои мусофирон мушкилот меоварад. Дар нимаи дуввуми рӯзи сешанбе ҳайати комиссияи мазбурро таҳти сарварии ноиби вазири умури дохилии кишвар Ҳабиб Сангинов муовини сарвазири Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров ба ҳузур пазируфт. Дар он аъзои комиссия оид ба масоили боқимонда дар роҳи ба эътидол овардани вазъ дар навоҳии шарқи Тоҷикистон гузориш доданд.

XS
SM
MD
LG