Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон сарчашмаи аслии маводи мухаддир ва тероризм дар Осиёи Марказӣ



Ҳабиби Ҳошимӣ

Дар баҳсҳое, ки дар бораи бӯҳрони Осиёи Марказӣ сурат мегиранд, Афғонистон дар маркази диққат қарор гирифтааст.

Дар баҳсҳое, ки дар бораи бӯҳрони Осиёи Марказӣ сурат мегиранд, Афғонистон дар маркази диққат қарор гирифтааст. Маркази Байналмилалии Баррасии Бӯҳронҳо дар баррасии охираш менависад, режими Толибони Афғонистон аз як идеологияи тундравонаи динӣ пайравӣ мекунад, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ва мардум онро таҳдидомез медонанд. Ин тарс вуҷуд дорад, ки агар ҷунбиши Толибон сарҳадоти шимолии Афғонистон, яъне сарҳадоти ҷанубии Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Туркманистонро таҳти назорати худ дароварад, дар он сурат афкори онҳо бо зӯри силоҳ дар Осиёи Марказӣ паҳн хоҳад шуд. Ҳукумати Толибон инчунин аз террористҳои байналмилалӣ ҳимоят мекунад. Як нигаронии дигари ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар он аст, ки Афғонистон ба маркази муҳими тиҷорати маводи мухаддир ва силоҳ мубаддал гашта, нишонаҳое вуҷуд доранд, ки ин тиҷорат тавсеаи бештар меёбад.

Кишти тарёк, тавлиди ҳероин ва тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон дар рафти соли 1999 хеле афзоиш ёфт. Ҳосили тарёк дар кишвар соли гузашта нисбат ба ҳар кишвари дигари ҷаҳон бештар буд. Созмонҳои Байналмилалӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ баён намудаанд, ки ҳамлунақли маводи мухаддир ба он сӯи сарҳадоти шимолии Афғонистон ба таври чашмгир афзоиш меёбад. Ҳукумати Илоёти Муттаҳида эълон дошт, ҳуҷҷатҳое дар даст дорад, ки ҷунбиши Толибон ҳамчун бузургтарин гурӯҳ дар Афғонистон дар тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир даст дорад. Ва аз марҳилаҳои мухталифи он, яъне тавлид, ҳамлунақл, андоз ва роҳҳои дигар даромади бузурге ба даст меоваранд. Тиҷорати маводи мухаддир аз Афғонистон назми иҷтимоиро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон заиф ва пӯсида месозад. Ҷинояткорӣ ва хушунат, ки падидаҳои марбут ба ин тиҷорат мебошад, дар роҳи эҷоди системи муассири адлӣ дар ин кишварҳо монеъа эҷод мекунад ва ваъзиятро умуман ноустувор месозад. Аз ҷониби дигар онҳое, ки дар тиҷорати маводи мухаддир манфиат доранд, ба нафъи худ медонанд, аз кӯшишҳо барои беҳбуди системаи қонунӣ дар кишвар ҷилавгирӣ кунанд. Хулоса, тиҷорати маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва бахшҳои Қирғизистон ба муҳимтарин масъалаи назми сиёсии ин кишварҳо мубаддал гаштааст. Ҳамзамон бо он тиҷорати силоҳ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон низ таҳдиди ҷиддӣ барои назми оммавӣ ба шумор меравад. Дар таҳлили Марказӣ Байналмилалии Баррасии Бӯҳрон гуфта мешавад, ки кӯшишҳои байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз содироти маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон қариб ҳама бо нокомӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Ба таври мисол дар соли 1998 миқдори маводи мухаддири мусодирашуда дар Осиёи Марказӣ қариб якуним дар сади маҷмӯи миқдори тахминии маводи мухаддири тавлидшуда дар Афғонистонро ташкил медод. Ба адами муваффақияти ин кӯшишҳо чанд далел вуҷуд дорад. Афсарони баландпояи ҳарбӣ, ки дар Тоҷикистон ифои вазифа мекунанд, дар моҳи майи имсол ба Маркази Байналмилалии Баррасии Бӯҳронҳо гуфтанд, ки ин сарҳад на танҳо аз нуқтаи назари ҷилавгирӣ аз дохил шудани террористҳо ғайри қобили дифоъ мебошад, балки аз назари ҷилавгирӣ аз вуруди маводи мухаддир ҳам ғайри қобили назорат ва муроқибат мебошад. Камбудиҳои ҷиддӣ дар системҳои адлӣ ва полиси Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳам шанси пирӯзӣ дар ин муборизаро дур аз эҳтимол сохтааст. Ба ақидаи Маркази Байналмилалии Баррасии Бӯҳрон то вақте, ки дар Афғонистон ҳукумате ба вуҷуд наомадааст, ки битавонад, ҳокимияташро ба саросари кишвар ҳукмфармо созад ва созмонҳои байналмилалӣ битавонанд бо чунин ҳукумат ҳамкорӣ намоянд, дар мубориза алайҳи тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир пешрафти чашмгире ба даст нахоҳад омад. Пешбурди амалиёти муассиртар алайҳи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ба сулҳ дар Афғонистон ва ӯҳдадорӣ ва замонати ҳукуматӣ дар Афғонистон бастагӣ дорад, ки битавонад, стратегияи дарозмудати зидди маводи мухаддирро мавриди иҷро қарор диҳад. Маркази Байналмилалии Баррасии Бӯҳронҳо менависад, то вақте, ки бӯҳрони сиёсӣ дар Афғонистон давом дорад, таъсири манфии он дар Осиёи Марказӣ ҳам давом хоҳад ёфт. Таҳлили сиёсии як журналисти Қирғизистон, ки гуфтааст, давоми ин ҷанги зоҳиран бепоён дар Афғонистон барои кишварҳои ҷавони Осиёи Марказӣ ягон манфиате дар бар надорад, дуруст аст. Ӯ аз кишварҳои ин минтақа хостааст, дар ҳалли масъалаи Афғонистон мавқеи муштарак дар пеш гиранд ва онро дар Созмони Милали Муттаҳид матраҳ намоянд. Аммо ба ақидаи Маркази Байналмилалии Баррасии Бӯҳронҳо сурат гирифтани ин кор душвор аст, зеро байни ин кишварҳо дар масъалаи Афғонистон ихтилофи назар вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG