Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъият дар Узбекистон ва Қирғизистон нисбатан ором аст



Холидаи Қодир

Рӯзи сешанбе Қирғизистон бори дигар ҳушдор дод, ки гурӯҳҳои бузурги бунёдгароёни мусаллаҳи ӯзбак дар қаламрави Тоҷикистон ҷой гирифта ва бо ҳуҷумҳои тоза минтақаро ноором хоҳанд кард.

Рӯзи сешанбе Қирғизистон бори дигар ҳушдор дод, ки гурӯҳҳои бузурги бунёдгароёни мусаллаҳи ӯзбак дар қаламрави Тоҷикистон ҷой гирифта ва бо ҳуҷумҳои тоза минтақаро ноором хоҳанд кард. Нуриддин Шомоев, вазири дифоъи Қирғизистон зимни суханронӣ дар назди вакилони парламенти кишвараш изҳор кард, ҳудуди 900 тан аз пайравони мусаллаҳи Ҷумъаи Намангонӣ, лидери ҷумбиши исломии Узбекистон, ҳамоно дар наздикии марзҳои ҷанубии Қирғизистон мустақар мебошанд. Дар бархӯрдҳои ҷудогона бо аъзои ин гурӯҳ, дар тӯли моҳи гузашта 26 сарбози нирӯҳои ҳукуматии Қирғизистон кушта шуданд. Ҳоло ин ҷумҳурӣ манотиқи кӯҳсори марзҳои ҷанубии худро тавассути чархболҳои ҳарбӣ назорат мекунад. Вале мақомоти нирӯҳои мусаллаҳи Узбекистон мегӯянд, ки онҳо амалиёти зидди гурӯҳҳои исломгарои Ҷумъаи Намангониро то рӯзи чоршанбе, яъне шашуми сентябр анҷом хоҳанд дод. Сарбозони артиши ин ҷумҳурӣ дар деҳоти кӯҳии ноҳияҳои Сариосиёву Узун, дара ва пайроҳаҳои кӯҳӣ амалиёти низомиро ба роҳ мондаанд. Тибқи хабари манобеъи расмии Узбекистон, тайи 10 рӯзи охир дастаҳои бунёдгаро ба нирӯҳои ҳукуматӣ муқовимат нишон намедиҳанд ва тахмин меравад, ки онҳо мунтазири кӯмак аз хориҷ мебошанд. Вазорати дифоъи Узбекистон мегӯяд, ки барои пешгирӣ аз расидани кӯмаки иловагии хориҷӣ ба дастаҳои Ҷумъаи Намангонӣ, нирӯҳои ҳукуматӣ аз чархболҳо истифода мекунанд. Рӯзи душанбе ин чархболҳо маконҳои эҳтимолии буду боши дастаҳои исломгароро бомбаборон карданд. Дар ин миён, шояд, новобаста ба ташануҷҷҳои гурӯҳҳои исломгароёни ӯзбак, вазъ дар манотиқи шарқии Тоҷикистон низ чандон ором нест. Рӯзи сешанбе дар бораи авзоъи ин минтақа, дақиқтараш дар бораи бӯҳрони ноҳияи Дарбанд иттилоъи наве дода нашуд. Тибқи хабарҳои қаблӣ, нирӯҳои ҳукуматӣ дар дараи Ҳакимии ин ноҳия амалиёти ҳарбиро ба зидди гурӯҳи мусаллаҳи фармондеҳ Мулло Абдулло идома медиҳанд. Таври маълум, Мулло Абдулло собиқ фармондеҳи мухолифини исломии тоҷик аст, ва ахиран ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳукумат тақозо кард, то бӯҳрони ба амаломадаро бо роҳи гуфтушунид бартараф кунад. Ин бӯҳрон зоҳиран, бо даъвоҳои Мулло Абдулло, ки гӯё талаботи барои ҳукумат ғайри қобили қабул пешниҳод кардааст, шурӯъ шуд. Мулло Абдулло гӯё гуфтааст, ки агар ҳукумат дастаи ӯро ба нирӯҳои Вазорати Ҳолатҳои Фавқуллодаи ҷумҳурӣ шомил накунад, ӯ ба гурӯҳҳои исломгарои ӯзбак мепайвандад. То чӣ андоза дуруст будани ин иттилоъ маълум нест. Вале замони ба миён омадани ин бӯҳрон, яъне шурӯъ шудани он дар вақти нооромиҳои исломгароёни ӯзбак дар минтақа, баъзе саволҳоро ба миён меоварад. Оё дар воқеъ ин кашмакашҳои танҳо як нафар, яъне Мулло Абдулло аст ва ё решаҳои ин бӯҳрон паҳнтару дуртар мебошанд? Чаро манбаъҳои расмии Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ хомӯшанд? Агар тақозои Мулло Абдулло дар воқеъ ҳамон тавре ки мегуфтанд, як мансаб ва расман шомили нирӯҳои ҳукуматӣ кардани дастаи мусаллаҳи вай аст, пас чаро ҳукумат ин масъаларо на дар Душанбе, балки бо зӯри силоҳ дар ноҳияи Дарбанд ҳал мекунад? Оё дар воқеъ ин ягона роҳи ҳалли бӯҳрон аст? Ин саволҳо феълан посух надоранд.

XS
SM
MD
LG