Пайвандҳои дастрасӣ

Коррупсия: Фасод дар сатҳи олӣ (Бахши 3)



Асколд Крушелнитскӣ

Кишварҳое, ки аз тарафи раҳбарони худкома сарварӣ шуда, зери назорати шадиди ҳукумат қарор доранд, беҳтарин заминаро барои фасоди васеъмиқёс фароҳам меоранд.

Русия, Украина, БЖеларус ва баъзе ҷамоҳири Осиёи Марказӣ намунаи чунин давлатҳои фасодзада буда метавонанд. Дар ин гуна кишварҳо раҳбари давлат қонунҳоро муайян намуда, дар ҳолатҳои бадтарин ӯ ҳатто болотар аз қонун аст. Президент ва наздикони вай ҳал мекунанд, ки кӣ бо маблағҳои ночиз моликияти давлатиро аз худ мекунад, кӣ ҳаққи вуруди ашёи хориҷиро дар даст хоҳад дошт, кӣ хариду фурӯши нефту газро назорат мекунаду, кӣ имкони таъсиси банкро пайдо карда метавонад. Шахсони ҳалкунанда имкон доранд,ки танҳо бо як ишора садҳо миллион долларро ба ин ё он тараф ҳавола диҳанд. Питер Радавей коршиноси умури Русия аз шаҳри Вашингтон китоберо бо номи "ФОҶЕАИ ИСЛОҲОТИ РУСИЯ- БЖОЛШЕВИЗМИ БЖОЗОРӢ БЖАР МУҚОБЖИЛИ ДЕМОКРАТИЯ" ба нашр омода мекунад. Радавей бар ин ақидааст,ки фасод ва ришвахӯрии мансабдорони воломақоми Русия дар солҳои аввали ҳукмронии БЖорис Елцин оғоз ёфта буд. Ӯ мегӯяд: Яке аз мавзӯъҳои мавриди баҳси китоб он аст, ки чӣ гуна дар тӯли даҳ соли раҳбарии Елцин лидерон фосид шуданд. Хусусан, чӣ гуна ба ном олигархҳо аз роҳи шӯъбадабозии оқилона ва порадиҳӣ ба сиёсатмадорон аз ҳукумат мафоди бузурги молӣ ба даст оварда, дар айни замон ҳангоми қабули сиёсати ҳукумат болои он таъсир мегузоштанд." Питер Радавей мегӯяд, ки оилаи Елцин бо кӯшиши БЖорис БЖерезовский ба фасод рӯ овард. БЖо тақдими ҳадяҳои ниҳоят гаронбаҳо аз номи худ ва олигархҳои дигар БЖерезовский оилаи Елцинро таҳти таъсири худ гузошт. БЖа гуфти Радавей баъдан хавфи ошкорсозии порахӯрӣ ба олигархҳо имкон дод, ки амволи давлатро бо нархҳои ночиз ва музоядаҳои ноодилона аз худ намоянд. Хусусигардонии соҳаи нерӯ: энергия дар солҳои 1994 ва 1995 ба вуқӯъ пайваст. Он замон монополияи гази табиии Русия ГАЗПРОМ аз тарафи коршиносони ғарбӣ беш аз 250 миллиард доллари ИМА нархгузорӣ мешуд. Мансабдорони рус қабл аз фурӯш "ГАЗПРОМ"ро ба 298 миллион доллар баробар донистанд. БЖа ҳамин шакл корхонаи "НОРИЛСК НИКЕЛ" хеле арзон ғайридавлатӣ кунонида шуд. Соли 1996 вақте БЖОРИС Елцин бо хатари бохт дар интихоботи президентӣ рӯ ба рӯ шуд, олигархҳо сармояи бузургеро барои интихоби дубораи Елцин масраф карданд. Дар ҷавоб саҳмияҳои ширкатҳои муҳими Русия бо нархи ночиз ба олигархҳо тақдим шуданд. Созмонҳои байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки кишварҳои собиқ коммунистии Эстония, Маҷористон, Ҷумҳурии Чех, Полша, Литва ва Словения дар мубориза бо фасод дастовардҳои муайяне касб намуданд. БЖоиси тааҷҷуб аст, ки Латвия бо ҳаракати хуб дар самти демократия шомили гурӯҳи кишварҳои фасодзада мебошад. БЖа мисли Питер Радавей Виктор Ясман корманди Созмони амрикоии Шӯрои сиёсати хориҷӣ ҳам БЖорис Елцин ва атрофиёнашро масъули фурӯши фосидонаи сарватҳои табиии Русия меномад: " Дар солҳои ахири режими Елцин Елцин, Кремл ва атрофиёни он бештар оиди нерӯи сиёсии худ талош меварзиданд, на чизи дигаре.Амалан ягон кӯшише дар муқобили фасод ба назар намерасид." Ҷанҷолҳои порахӯрии замони Елцин дар давраи раёсатҷумҳурии Владимир Путин низ ба гӯш мерасанд. Масалан, гуфта мешавад, ки тобистони соли 1998 БЖанки Марказии Маскав қарзи баробар бо 4, 8 миллиард долари БЖунёди БЖайналмилалии Асъорро барои ҳифзи олигархҳо ва наздикони онҳо аз бӯҳрони молӣ ва беқурбшавии пул харҷ кардаанд. Инчунин шаҳодатҳо кам нестанд, ки қарзҳои БЖБЖА мустақиман ба суратҳисобҳои соҳибкорони хушбахт интиқол меёфтанд. Аз эҳтимол дур нест, ки бахши муайяни ҳафт миллиард доллари дар БЖанки НЮЙОРК шустушӯ гардида, аз ҳисоби қарзҳои БЖБЖА бошад. Дар ҷанҷоли дигар мансабдорони воломақоми Кремл нақшҳои асосиро мебозанд. Мақомоти Швейцария ҳукми боздошти раиси маъмурияти Кремл Павел БЖородинро содир намуданд. Тибқи ин айбнома мансабдори Кремл бар ивази фармоиши кор аз ширкати тармимкунандаи қасри Кремл ришва ситонидааст. Шореҳ Питер Радавей мегӯяд, ки ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ ва БЖБЖА аз фасод дар идораи БЖорис Елцин огаҳ буданд, вале онҳо ба ҳушдори Елцин оиди эҳёи коммунизмдар Русияву минтақа гӯш дода, бо ҳар нарх ба муҳофизати ҳукумати Елцин ҳозир буданд. "БЖарои ғарб ҳифзи Елцин, бо кадом нархе ки набошад, ба масъалаи авлавиятнок табдил ёфт. Агар шумо чунин фикрро дар сар ҷо диҳед, аҷиб нест, ки шумо шаҳодати фасодро нодида бигиред." Мансабдорони фосид бо истифода аз ширкатҳои ба истилоҳ худӣ дар шароити аввал имкон медиҳанд, ки сармоя ба хориҷ интиқол ёбад . Дар вазъияти дуюм корхонаи фоидаовари давлатӣ қадам ба қадам ба қарзи яке аз ширкатҳои худӣ ғутонида мешаваду сипас ширкати худӣ, хусусӣ мебошад, ширкати муфлиси давлатиро таҳти қаноти худ мегирад.







XS
SM
MD
LG