Пайвандҳои дастрасӣ

Коррупсия: Фасодкорӣ ҳамчун низоми Шуравӣ (Бахши 2)



Асколд Крушелнитскӣ

Шореҳон фасоди саросарӣ дар кишварҳои собиқ коммунистиро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд.

Шореҳон фасоди саросарӣ дар кишварҳои собиқ коммунистиро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Бархе мегӯянд, ки қонунҳои номукаммал сари роҳи фасод ва порахӯриро гирифта наметавонанд. Дигарон таъкид мекунанд, ки давлат қонуну дастури аз ҳад зиёд ҷорӣ намудааст, аз ин рӯ беҳтарин ва осонтарин роҳи ҳалли мушкилот додани пора аст. Собиқ сафири ИМА дар Маҷористон Марк Палмер, ки пас аз хатми кори дипломатӣ муддате бо соҳибкорӣ дар кишварҳои собиқ коммунистӣ машғул будааст, мегӯяд: "Дар ҳамаи ин кишварҳо мушкиле ҷо дорад. Он фасод аст , ки монеаи шадид дар афзоиши истеҳсолоти ин кишварҳо мебошад. Гуфтанӣ нестам, ки дар Англия ё ИМА фасод мавҷуд нест, албатта мо ҳам фасод дорем. Аммо ба назари ман дар беҳтарини ин кишварҳо умуман гӯем фасод бештар аз Иттиҳодияи Аврупо ва ё ИМА аст. " Фасод дар кишварҳои собиқ коммунистӣ аз сатҳи поин шурӯъ мешавад. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва пайравони ин кишвар тақрибан ҳар муомилаи расмӣ аз тариқи додани ҳадяи хурд ва ба истилоҳ нарм кардани мансабдор ба сомон мерасид. Дар давраи Шӯравӣ сатҳи зиндагии мансабдор ва шахси корафтода фарқи калон надошт. Одатан даромади бюрократҳо каме бештар аз дигарон буд. Як шиша коняк, як қуттӣ шоколад ё чой кифоят мекард, ки бюрократ дар ҳуҷҷати зарурӣ имзо гузорад. Дар даҳсолаи ахир даромади баъзе табақаҳои аҳолӣ бо суръат баланд рафт. Маоши бюрократҳо бошад, чандон тағйир наёфт. Дар чунин ҳол бюрократҳо ба хулоса омаданд, ки хоҳишу дархости кории бизнеменҳоро бар ивази пули калон иҷро кунанд. Хонум Селесте Валендер, корманди созмони амрикоӣ бо номи Шӯрои Равобити Хориҷӣ мегӯяд, ки яке аз сабабҳои асосии фасоди саросарии кишварҳои пост коммунистӣ дар хадамоти амниятиву полис ниҳон аст. Аксари афсарони ин ниҳодҳо ҳамон шахсоне мебошанд, ки ба режими коммунистӣ ифои вазифа кардаанд, аз ин рӯ, ба онҳо касе бовар намекунад. Хонум Валендер меафзояд: " Онҳо, яъне бюрократҳо аз эҳтироми муносиб ва донишу малакаи касбӣ бархӯрдор нестанд. Онҳо мароме барои сарсупурдагӣ ба касби худ надоранд. Аз ҷумла мароми молӣ- ё худ маоши хуб." Пурсишҳои афкори умум дар мамолики собиқ коммунистӣ ҳамзамон бо назархоҳиҳои соҳибкорони маҳалливу хориҷии муқими ин манотиқ нишон медиҳанд, ки фасоди расмӣ ба таври гӯшношунид тавсеа ёфтааст. Тахминан ҳамаи ширкаткунандагони пурсиш таъкид мекунанд, ки шахсан фасоду порадиҳиро аз сар гузаронидаанд. Ҳангоми пурсиш 93 дарсади сокинони Русия ва 87 дарсади сокинони Қазоқистон ҷавоб доданд, ки ришваситониву ришвадиҳӣ ба амали рӯзмарра табдил шудааст. Созмонҳои БЖайналмилалии "Фридом Ҳаус" ва "Транспаренси Интернешенел" рӯйхат кишварҳои фасодзадаро танзим намудаанд. Дар ин рӯйхат кишварҳои собиқ коммунистии Албания, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина, Узбакистон ва Югославияи собиқ дар ҷойҳои аввал ҳамроҳ бо мамолики таърихан маъруф бо фасоди Амрикои Лотин ва Африқо қарор доранд. Созмонҳои байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки кишварҳои собиқ коммунистии Эстония, Маҷористон, Ҷумҳурии Чех, Полша, Литва ва Словения дар мубориза бо фасод дастовардҳои муайяне касб намуданд. БЖоиси тааҷҷуб аст, ки Латвия бо ҳаракати хуб дар самти демократия шомили гурӯҳи кишварҳои фасодзада мебошад. Коршиноси молии фаронсавӣ Филиппе Гелин бар ин ақидааст, ки наздикии Русия далели асосии фасод дар Латвия аст, зеро ҷинояткорони рус аз низоми банкии муосири ин кишвар моҳирона истифода мебаранд. Филиппе Гелин мегӯяд: Маркази молии Рига, ки аз кишварҳои ҳамсоя бештар тарққӣ кардааст, бо Русия равобити қавӣ дорад. БЖарои баъзе русҳо Латвия макони ошно аст. Онҳо бо забони худ ҳарф мезананд, низоми банкии Латвия бозу шаффоф аст, ва худи кишвар ҳам ба қадри кофӣ пешрафта мебошад. " Оддитарин намунаи фасод дар кишварҳои собиқ коммунистӣ боздошти ронандаи мошин аз тарафи инспектори бозрасии автомобилист. БЖар ивази пули муайян инспектор камбудиро, агар он дар ҳақиқат ҷо дошта бошад, нодида ва ҷаримаи расмиро лағв мекунад. Ё мансабдоре бар ивази лицензияи содироти ашё ё иҷозати вуруди мавод пора мегирад. БЖаъзан муаллимон ва ё табибон, ки моҳонаи ночиз мегиранд, барои баҳои хуб дар имтиҳон ё табобати боинсофона ҳаққу заҳмати ғайрирасмӣ тақозо мекунанд. Имкони фасод дар доду гирифт бо соҳибкорон хеле ва хеле васеътар аст. Қонунҳои бесарусомон ва зидду нақизи кишварҳои собиқ коммунистӣ , аз як сӯ, шароити фирор аз андозсупориро фароҳам меоранд. Аз сӯи дигар, имкон медиҳанд, ки полиси андоз идораҳои ширкатҳоро бо истифода аз гурӯҳҳои зудамали ниқобпӯш иҳотаву тафтиш намояд. Ва дар ниҳояти амр, масъала аз роҳи музокирот ҳал шавад. Каме давлат бигирад, каме полиси андоз ва дар айни замон соҳибкор низ варшикаста, яъне банкрот нашавад. Феълан бузургтарин ширкати мошинсозии Русия АВТОВАЗ, ки бо соҳибкори машҳур БЖорис БЖерезовский робита зич дорад, бо он муттаҳам мешавад, ки 280 ҳазор мошини истеҳсолшударо бо як рақам сабт намуда, танҳо барои истеҳсоли як мошин молиёт супорад. Наметавон бовар кард, ки ин амали авомфиребонаро мансабдорони рус надида бошанд. БЖа фикри коршиноси фаронсавӣ Филиппе Гелин то замоне ки ходимони соҳаи ҳифзи ҳуқуқу тартибот маоши ночиз гиранд, фасод шукуфон хоҳад буд. Ӯ мегӯяд: " Дар вазъе, ки мардуми бо маоши хурд вазифадор ба тафтиши мардуми сердаромад бошад, эҳтимол байни онҳо мувофиқате ҳосил шавад. Ва ин чиз рӯй дода истодааст." Муфаттиши андоз, полиси роҳ ё кадом мансабдори дигар, ҳатман бахше аз ришваи ситонидаашро бо хуҷаини худ тақсим мекунад. Ин гуна ҳалқаҳои муназзами порахӯрон дар баъзе кишварҳои посткоммунистӣ то ба идораҳои баландтарини ҳукумату давлат мерасанд. Коршарикии мансабдорони воломақом, ходимони интизомӣ ва авбошон давлатро ба ҷинояткор табдил медиҳад.



XS
SM
MD
LG