Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши солонаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар мавриди Тоҷикистон



Хоҷа Мирзода

Бо вуҷуди дастовардҳои намоён дар либерализация ва устувории макроиқтисодӣ пирӯзии ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба беҳбуди раҳбариву маъмурияти сармоягузории пахтакорӣ ва реформаи замин барин соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқ иртибот дорад.

Бо вуҷуди дастовардҳои намоён дар либерализация ва устувории макроиқтисодӣ пирӯзии ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба беҳбуди раҳбариву маъмурияти сармоягузории пахтакорӣ ва реформаи замин барин соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқ иртибот дорад. Идомаи мусолиҳаи сиёсӣ қисман ба ташкили ҷойҳои нави корӣ дар сектори хусусӣ, зарурати коҳиши монеагузориҳои бюрократӣ ва кафолати ҳуқуқи моликият вобаста аст. Хусусигардонӣ пешрафти назаррас дошта бошад ҳам, нақши ҳукумат дар муассисаҳои калон бояд коҳиш ёбад, то тарзи раҳбарии корпоративӣ ё худ умумӣ дар онҳо такмил гардад. Чунин аст хулосаи гузориши солонаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар мавриди Тоҷикистон, ки 14 ноябр дар шаҳри Лондон ба нашр расид. Дар аввал маълумоти кӯтоҳ дар бораи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушдро мешунавему сипас баррасии гузориши солонаи онро шурӯъ мекунем. "Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар соли 1991 бо ҳадафи кумак дар ҷараёни гузариш ба иқтисоди озод ва рӯ ба бозори кишварҳои Аврупои Марказиву Шарқӣ ва Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракулманофеъ, ки роҳи тараққии демократияи бисёрҳизба ва гуногунандеширо пеш гирифтаанд, таъсис ёфтааст. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ба 26 кишвари минтақаи ёдшуда дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисод, ташкили рақобати солим, хусусигардониву соҳибкорӣ бо дар назардошти ниёзмандиҳо ва сатҳи тараққии ҳар кишвар ёрӣ мерасонад. Сармоягузориҳои Бонк аз тараққии сектори хусусӣ, таҳкими низоми ҳуқуқӣ, муассисаҳои молӣ, ва пешбурди инфтраструктураи барои тараққии сектори хусусӣ заррурӣ пуштибонӣ мекунанд. " Либерализацияи пешрафта дар Тоҷикистон, ки дар гузориши солонаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ба чашм мехӯрад, чӣ маънӣ дорад? Назар ба иттилои Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд режими тиҷоратии Тоҷикистон аз тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ либерал, яъне озодтар аст. Бунёди Байналмилалии Асъор режими тиҷоратии Тоҷикистонро аз миёни панҷ кишвари узви иттиҳоди гумрукӣ аз ҷумла : Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон озодтарин номидааст. Дар Тоҷикистон фарқи чорчӯби тарифҳо хурд буда, рақами миёнаи бебаркаши он ҳашт фоизро ташкил медиҳад. Бо дар назар дошти мавқеи начандон мусоиди ҷуғрофӣ, хавотирии амниятӣ, нерӯи сусти харидории аҳолӣ ва инфраструктураи такмилнаёфтаи нақлиётӣ бозори Тоҷикистон ишғолношуда боқӣ мемонад. Бахши бузурги воридот аз кишварҳои Муштаракулманофеъ, ва хусусан Русия, дохили Тоҷикистон мешавад. Дар соли 1999 ин кишвар барои вуруд ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ариза навиштаву, тобистони соли 2000 Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷои музояда: аукционҳои фурӯши пули хориҷӣ бозори байнибонкии арзи хориҷиро поягузорӣ намуд, ки бо мурури замон он бояд дастрасии беҳтар ба пули хориҷиро таъмин намояд. Тафсилотро аз ходими воломақоми раёсати Тарифи Кумитаи Гумруки давлатии Тоҷикистон Нозимҷон Нидоев бишнавем. "Имрӯз дар Тоҷикистон танҳо боҷу хироҷ мавриди таҳлил қарор нагирифта, балки мувофиқи қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тасдиқ кардани меъёри акцизҳо барои баъзе молҳои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ва ба ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ба як қатор молҳои ба қаламрави Тоҷикистон воридшаванда боҷҳои гумрукӣ ва инчунин андозҳои акцизӣ пешбинӣ шудааст. Ва инчунин ба ҳамаи молҳое, ки аз хориҷаи дур , гӯем, ё хориҷаи наздик, ки ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд, боз асосан 20 фоиз андоз аз арзиши иловашуда пешбинӣ шудааст. Дар ҷумҳурии Тоҷикистон мизони акцизҳо асосан пештар ... то имрӯз ду намуд мизони акциз ворид буд: 1. Мизони акцизҳое, ки истеҳсолкунандгон: истеҳсолкунандагони худи Тоҷикистон, пешниҳод мешуданд. Ва 2. Он мизони акцизҳое, ки аз қаламрави дур ба ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешуданд. Имрӯз ягона мизони акцизӣ ҳам ба молҳои истеҳсолшавандаи ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ба молҳое, ки аз хориҷаи дуру наздик ба ҷумҳурӣ меоянд, якхел пешбинӣ шудааст. Ва ҳамин қарори ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 1999 низ чунин ном дорад: дар бораи тасдиқ кардани меъёри акцизҳо барои баъзе молҳои дар ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда ва ба ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда. " Дар яке барномаҳои оянда сӯҳбати муфассали мо бо корманди воломақоми раёсати тарифи Кумитаи Гумруки Давлатии Тоҷикистон Нозим Нидоев, ки комилан ба арзёбии масъалаи тариф бахшида шудааст, нашр хоҳад шуд. Ҳоло баргардем ба гузориши солонаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар мавриди Тоҷикистон. Ба навиштаи муаллифони гузориш бо васфи вобастагии Тоҷикистон аз нархи алюминий, пахта ва баъзе анвои маъдан, ки ҳаштод дар сади дар сади содироти кишварро ташкил медиҳанд, ин ҷумҳурии собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ тавонист, ки устувории нисбии макроиқтисодиро таъмин намояд. Болоравии қиматҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ даромади Тоҷикистонро афзоиш дода бошад ҳам, назар ба гузориши солонаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд хушксолӣ ҳосили пахтаи имсола, яъне соли дуҳазорумро коҳиш дод. Сардори Шӯъбаи истеҳсоли зироатҳои техникии вазорати кишоварзии Тоҷикистон Шералӣ Сафаров ин бахши гузоришро тасдиқ кард, вале афзуд, ки ба шарофати сармоягузориҳои саривақтӣ ҳосили имсолаи пахта аз соли гузашта зиёдтар аст: " Яке аз сабабҳои асосии он , ки мо имсол ба иҷрои нақша муяссар нагаштем, ин яъне... хушксолии имсола буд, ки таъсири бисёр калон расонд ва ... фақат дар ду - се ноҳияи вилояти Хатлон қариб ки дар зиёда аз сӣ то чил ҳазор ҳектар пахта тамоман набаромад., аз хушксолӣ нест шуда рафту ... ва ин аст, ки имрӯз азоб кашида истодаем ва гуфтанамон лозим аст, ки то 85 фоизи пахтаи имсол ба воситаи обҳои захиравӣ ва обҳои зиёдатӣ обёрӣ шуданд, ки таъсираш дар ҳосили имсола хеле расид. То имрӯз зиёда аз 330- 331 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта хеле ҳам зиёд мебошад, аммо дар саҳро пахта бисёр аст ва чӣ хеле ки ба наздикӣ аз ноҳияҳои пахтакор баргаштем, дар он ҷо ҳақатан, асосан ду вилоят Суғд ва вилояти Хатлон ҳоло пахта зиёд аст ва мо боварии комил дорем, ки боз дар даҳ - понздаҳ рӯзи ахир боз зиёда аз понздаҳ то бист ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда ба хирмани давлат супорем. Ин сабаби асосиаш он буд, ки сармоягузорон тамоми қобилияти худро ба он сафарбар карда буданд, ки кормандон ҳавасманд шаванд ва он заҳмате, ки онҳо кашида буданд ва пахтае, ки парвариш карда буданд, бо тамоми ҳастиаш чида ба хирман супоранд. Ва чӣ хеле ки аз маълумотҳо бармеояд, то имрӯз зиёда аз ҳафтод миллион доллари Амрико ҷудо карда шуда буд, ки ин ҳам барои ҳавасманд намуданд ва ҳам барои чиниши пахта яке аз сабабҳои асосӣ буд." Ёдовар мешавам, ки шумо ҳафтаномаи иқтисодии бахши тоҷикии РО " Пул ва Бозор"-ро мешунавед,ки ба арзёбии гузориши солонаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар мавриди Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллифони гузориш менависанд: " Камбуди сармоягузориҳо мамлакатро ба маблағгузории ББА ва барномаи устуворсозии ин муассиса вобаста намудааст. Ба навиштаи Бонк Аврупоии Бозсохт ва Рушд аввалин самараи иҷрои барномаи ББА аз ҷониби Тоҷикистон ба чашм мерасад. Сарфи назар аз бӯҳрони молии Русия ҳукумати Тоҷикистон ҳадафҳои барои соли 1999 дар пеш гузоштаашро иҷро кард. Тавлиди нохолиси миллӣ нисбат ба соли 1998 яку аз даҳ як фоиз боло рафта , ба беш аз сездаҳ дар сад баробар шуд. Қонуни нави андоз ё худ молиёти Тоҷикистон, ки дар моҳи январи соли 1999 ҷамъи андози пахта ва алюминийро на аз фурӯш балки, истеъмоли он равона кард. Дар гузориши солонаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд гуфта мешавад, ки соҳаи хароҷоти буҷети Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2000ум ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кунонида шудааст. Ба навиштаи Бонк қарзи Тоҷикистон аз даромаде, ки буҷҷет ба даст меорад, хеле ҳам бузургтар аст, тахминан 400 фоиз. Аз ин рӯ, ҳатман реструктуризация, яъне тағйири мӯҳлати бозбидеҳӣ ба Русияву Узбакистон ногузир аст. Шаҳодати дигари устувории иқтисодиву молии Тоҷикистон ҷорӣ намудани пули нави миллӣ: сомонӣ мебошад, аммо ин амал дар гузориши солонаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд зикр нашудааст. Пешрафт дар соҳаи ғайридавлатикунонӣ муассисаҳои Тоҷикистон возеҳ мушоҳида мешавад. Аз 9500 корхонаи давлатӣ, ки барои хусусигардонӣ номнавис шуда буданд, беш аз шаш ҳазор ба ширкатҳои хусусӣ ва муштарак табдил ёфтанд. Хусусигардонии муассисаҳои хурди Тоҷикистон тақрибан ба анҷом расид. Аз 733 корхонаи миёнаву калони дар музоядаҳо гузошта шуда, ҳамагӣ 214 то ба фурӯш рафт. Сабаби сустии фурӯш нархи аз ҳад баланд номида шудааст. Дар моҳи апрел 15 корхонаи давлатии пахтатозакунӣ дар рафти музоядаҳо фурӯхта шуда, тибқи маълумоти вазорати молияи Тоҷикистон нуҳ миллион доллари Амрико фоида оварданд. Дар моҳи август чор корхонаи боқимондаи давлатии пахтатозакунӣ ба дасти хусусӣ гузаштанд. Бар пояи барномаи Бонки Ҷаҳонӣ ҳукумати Тоҷикистон нақшаи хусусигардонии корхонаи истеҳсоли алюминийро,ки 12 фҳазор коргар дорад, мавриди тарҳрезӣ қарор додааст. Назар ба гузориши солонаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар мавриди Тоҷикистон таҷрибаи солҳои гузашта дар сармоягузории пахтакорӣ зарурати беҳбуди раҳбарии ин соҳаро нишон медиҳад. Дар солҳои 1997 ва 1998 Тоҷикистон дар сектори истеҳсоли пахта то 130 миллион доллар ммаблағгузорӣ намуд. Ин қарзҳо дар ҳоли баланд будани нархи пахта зуд баргардонида мешуданд, аммо поинравии нархи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ки дар охири соли 1997 ба қайд гирифта шуд, ба кишоварзони тоҷик хасороти зиёд овард. Кӯшишҳои фавқулоддаи ҷамъи пахта то миёнаҳои соли 1998 қарзро аз 84 миллион то ба 24 миллион доллар кам карданд. Дар сӯҳбат бо Шералӣ Сафаров ходими воломақоми вазорати кишоварзии Тоҷикистон пурсида шуд, ки дар бораи сармоягузориҳо ва хусусан созишҳои фючерӣ, ки мавриди танқиди муовини сарвазири Тоҷикистон қарор гирифтаанд, чӣ назар дорад? " Яке аз хатоҳое, ки ҳақатан ҳам муовини сарвазир қайд намуданд, ...то ҳол хоҷагиҳо он маблағҳоеро, ки гузошта мешаванд, дуруст истифода намебаранд. Яъне чӣ? Онҳо дар вақти бастани шартномаҳо он маҳсулоте, ки дастрас менамоянд: маводи сӯхт, қисмҳои эҳтиётӣ... бо як нарх мегиранд ва дар вақти ҳисоб баробар кардан бо нархи дигар, ки ин ҳисоби пахтаро зиёдтар мекунад ва боиси он мегардад, ки хароҷот нисбат ба сарфи кардаамон зиётар мешавад." Шералӣ Сафаров сардори шӯъбаи истеҳсоли зироатҳои техникии вазорати кишоварзии Тоҷикистон. Мусоҳиба бо мансабдори ёдшуда бо кумаки корманди хабаргузории Азия Плюс Тоҳир Сафаров ташкил шуд. Хуллас, Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд системаи кунунии сармоягузории соҳаи пахтаро ниёзманд ба ислоҳот баррасӣ мекунад. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергия: нерӯ бошад ҳам, дар давраи гузариш истеҳсол ва фурӯши он ба таври назаррас поин фаромад. Ба истинои содироти як миқдори муайяни нерӯи барқ ба Узбакистон бахши боқимондадар дохил бо нархи ниҳоят паст фурӯхта мешавад. Феълан тарифи истеҳсолии як киловат-соат нерӯи барқ яку аз сад сиву панҷ центи амрикоӣ барои муасисасаҳо ва сифр ё худ нолу аз сад сиву чор цент барои хонаҳои истиқоматӣ мебошад. Бонки Осиёвии Рушд тахмин мекунад, ки дуву аз даҳ як цент барои як киловат- соат нерӯи барқ соҳаи нерӯи обро соли хоҳад кард. Бонки мазкур бо ҳадафи ислоҳоти соҳаи энергетика ба Тоҷикистон 20 миллион доллар ҷудо мекунад. Дар ин лоиҳа эҳтимолан сармоягузори дигаре ҳам ҳамроҳ шуда , қимати онро то чил миллион доллар боло мебарад. Ҷаласаи солонаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд моҳи майи соли равон дар шаҳри Рига: пойтахти Ҷумҳурии собиқ Шӯравии Латвия доир шуда буд. Дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Бонки Миллии кишвар Муродалӣ Алимардонов ҳузур дошт. Дар ин ҷаласа се соҳаи мушаххаси хоҷагии халқи Тоҷикистон: соҳаи энергия, телкоммуникация ва нақлиёт мавриди баррасии Бонк қарор гирифтанд. Аз шумо даъват мекунам ба гузориши ҳамкорамон Роналд Суновиц, ки моҳи май аз шаҳри Рига ба мо фиристода шудааст, гӯш диҳед. "Бо хоҳиши ҳукумати Тоҷикистон Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд имконоти таъмини молии лоиҳаҳои марбут ба бахши энергияро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ин баррасиҳо махсусан дар робита бо беҳбуди нерӯгоҳҳои феълии барқ ва хатҳои интиқоли барқ ва ё такмили нерӯгоҳҳое ҳастанд, ки сохтмонашон нимакора мондааст ва аз назари тавлидиву иқтисодӣ қобили таваҷҷӯҳ ҳастанд. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд асосан ҳамчун восита байни Тоҷикистон ва партнёрҳое амал хоҳад кард, ки қодир ва моиланд ин лоиҳаҳоро аз назари молӣ таъмин кунанд. Дар заминаи телекоммуникация ҳукумати Тоҷикистон тавсеаҳои Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушдро дар мавриди стратегияи беҳбуди ин соҳа, ки бар ширкати бахши хусусӣ асоснок бошад, қабул кардааст. Маркази диққати ин кӯшишҳо ширкати муассисаҳои хориҷӣ дар як музояда барои бар ӯҳда гирифтани як шабакаи нави телекоммуникация барои Тоҷикистон аст. Ширкате, ки ин вазифа ба он дода хоҳад шуд, дар ибтидо минтақаҳое аз Тоҷикистонро таҳти пӯшиши шабакаи телекоммуникационӣ қарор хоҳад дод, ки аз назари тиҷоратӣ ҷолибтар аз ҳама бошанд. Ин ширкат дар ибтидо ба ниёзҳои ҳукумат ва обуначиҳои он ҷавоб хоҳад дод, ки дар дараҷаи аввал ба ин шабака эҳтиёҷ доранд ва сониян метавонанд ҳадди ақалли харҷи таъмин бо шабакаро пардозанд. Дар шароити феълӣ Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд бо ин мақсад аз Япония ва Иттиҳоди Аврупо ваъдаи кумаке ба маблағи 233 ҳазор евро гирифтааст. Стратегияи васеи Бонки Аврупоӣ дар заминаи нақлиёти Тоҷикистон бар як барномаи чорсола барои беҳбуди авиацияи кишвар устувор аст. Ин ҳам вобаста ба таҳаввулоти марбут ба шароити иқтисодист. Бонки Аврупоӣ дар ин замина кӯшиш хоҳад кард барои ҳар гуна вом ва ё кумаки молӣ аз тарафи муассисаҳои кумакрасон миёнҷигарӣ кунад. Дар ин ҷо бартарӣ ба лоиҳаҳое дода хоҳад шуд, ки боиси эҷоди даромади валюта шаванд. Дар хулосаи гузориши солонаи худ оиди Тоҷикистон Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд менависад: Бар пояи як гузориш, ки соли 1999 нашр шуд, бо даромади миёнаи 176 доллар ба ҳар сари аҳолӣ дар соле Тоҷикистон яке аз қашшоқтарин мамолики минтақа мебошад. Беш аз шаст дар сади сокинони ин кишвар камтар аз даҳ ҳазор рубли тоҷикӣ маош мегиранду моҳонаи ҳамагӣ панҷ дар сади аҳолӣ беш аз сӣ ҳазор рубли тоҷикӣ мебошад. Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд бо дар назар дошти хароҷот тахмин мекунад, ки шояд даромади баъзе қишрҳои аҳолӣ аз назари таҳлилгарон берун монда бошад. Аммо дар ҳар сурат вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати Тоҷикистон мубориза бо камбағалист Ва дар ҳоле, ки беш аз панҷоҳ дар сади аҳолӣ аз ҳисоби кишоварзӣ рӯз мегузаронанд, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ислоҳоти ин соҳа аҳамияти бештар касб мекунад.

XS
SM
MD
LG