Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили кӯли Сарез дар баррасии байналмилалӣ



Мирзои Салимпур

Бунгоҳи Инкишоф ва Ҳамкории Швейтсария бо ҳамдастии Бунёди Оғохон ва Иттиҳодияи Байналмилалии Инкишоф, ки ба гурӯҳи Банки Ҷаҳонӣ шомил аст.

Бунгоҳи Инкишоф ва Ҳамкории Швейтсария бо ҳамдастии Бунёди Оғохон ва Иттиҳодияи Байналмилалии Инкишоф, ки ба гурӯҳи Банки Ҷаҳонӣ шомил аст, барои густариши фаъолияти Оҷонсии Вазорати Фавқулодаи Тоҷикистон дар умури кӯли Сарез ба маблағи 4,5 милион доллари амрикоӣ кумак хоҳанд кард. Ин хабарро Анвар Абдуллоев, раиси оҷонсии мазкур дар конфронси байналмилалӣ, ки ахиран дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи роҳҳои ҳалли фоҷиаи кули Сарез баргузор шуд, эълон намуд. Ҷаноби Абдуллоев гуфт, ин маблағ асосан ба мақсади тақвияти низоми мавҷудаи назорати вазъи кӯли Сарез ва бунёди механизму ниҳодҳои зудамали хабардоркунии мардум дар ҳоли канда шудани банди кӯл ва сар задани фоҷеаи экологӣ бояд истифода шавад. Ин оҷонсӣ дар мавзӯи кӯли Сарез даҳ барнома пиёда карданиаст. Бояд гуфт, кӯли Сарез дар кӯҳистони ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон воқеъ аст ва соли 1911 бар асари канда шуда роҳи маҷрои дарёи Усойро бастани як пора кӯҳ ба вуҷуд омадааст. Феълан дар ин обанбори азим, ки ҳеҷ роҳи берун рафтани об вуҷуд надорад, беш аз 17 миллиард метри мукааб об ҷамъ шудааст. Бинобар мустаҳкам набудани сарбанди кул ва вуҷуд надоштани тунелҳои обпарто об метавонад ҳар лаҳза сарбанди мавҷударо канда, болои манотиқи зисти мардум ҳаракат кунад. Дар ин сурат мувофиқи ҳисоби коршиносон дар қаламрави Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Афғонистон ва Туркманистон зери хатари сели об мондани манотиқе имкон дорад, ки аҳолияш беш аз 5 миллион нафар мебошад. Оҷонсии Ҳолатҳои Фавқулода дар умури пиёдагардонии лоиҳаи ҳалли масъалаи кӯли Сарез аз соли 1998 ба ин тараф кор мекунад ва то имрӯз барои бунёди низоми мушоҳида ва хабардоркунии пешакии аҳолӣ дар сурати сар задани фоҷеа кори зиёде кардааст. Раиси оҷонсӣ Анвар Абдуллоев мегӯяд, онҳо дар ҳоли ҳозир метавонанд, дар камтарин фурсат тамоми аҳолии тӯли маҷрои эҳтимолии селро аз он хабардор намоянд, вале ин ҳам кофӣ нест. Ба ҳар сурат ӯ афзуд, ки маблағи феълан ҷудогардида аввалин иқдоми воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди баррасӣ ва ҳалли мушкили Сарез мебошад. Ёҳан Ислим, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар ин конфронс ширкат дошт ва дар робита ба мавзӯъ гуфт, ки чунин маблағ барои лоиҳаи бузург хеле кам аст, вале мо бояд дастҷамъона коре кунем, ки ин лоиҳа на лоиҳаи алоҳидаи ягон мақомот ё пажӯҳишгоҳ, балки лоиҳаи тамоми ҷомеа гардад. Анвар Абдуллоев мегӯяд, кулли маблағгузорӣ тавассути Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифта, сарфу харҷи он низ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ назорат хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG