Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷдиди таърих дар Туркманистон



Обиди Шакурзод

Президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов дастур додааст, то 25 ҳазор китобҳои дарсии фанни таърих аз байн бурда шаванд, зеро ин китобҳо, ба гуфтаи Ниёзов, таҳрифи гузаштаи Туркманистон мебошанд.

Президенти Туркманистон Сафармурод Ниёзов дастур додааст, то 25 ҳазор китобҳои дарсии фанни таърих аз байн бурда шаванд, зеро ин китобҳо, ба гуфтаи Ниёзов, таҳрифи гузаштаи Туркманистон мебошанд. Таҳлилгари Радиои Озодӣ Пол Гобл дар баррасии ин мавзӯъ менависад: дастури ахири Ниёзов як кӯшиши амиқи сиёсӣ барои контрол кардани ҳозираву ояндаи кишвараш мебошад. Ҳафтаи гузашта Сафармурод Ниёзов дар сӯҳбат ба ҳайъати вазирони Туркманистон изҳор кард, ки китобҳои номбурда ҳувият ва характери туркмании Туркманистонро сарфи назар менамоянд ва нақши миллатҳои дигарро дар таърихи миллии туркманҳо бештар аз будаш нишон медиҳанд. Ӯ ба вижа тасвири нақши ирониён ва муғулҳоро дар китобҳои дарсии таърихи Туркманистон танқид кард. Ба назари Ниёзов, дар ин китобҳо ба нақши худи туркманҳо баҳои кам додаанд. Президенти Туркманистон ҳамчунин навиштаҳои муваррихони рус ва туркро, ки мегӯянд, туркманҳо нахустин бор на дар хоки кунунии Туркманистон, балки дар кӯҳистони Олтой арзи вуҷуд кардаанд, рад мекунад. Дар замоне, ки мактабҳои Туркманистон аз ҷузъитарин васоили дарсу таълим камбудӣ доранд, сӯзонидани китобҳои мавҷуда шояд барои бисёриҳо мавриди писанд набошад. Вале дар баробари ин, тавре ки таҳлилгар Пол Гобл менависад, иқдоми Ниёзов таваҷҷӯҳро ба се ҳисобу китоби сиёсӣ ҷалб мекуанд, ки на танҳо лидери Туркманистон, балки бисёре аз дигар раҳбарони Осиёи Марказӣ дар тӯли даҳ соли ахир дар назар доштаанд. Пол Гобл менависад: Якум, ин лидерон мехоҳанд, таърихи мушаххсаси миллии худро дошта бошанд. Таърихи онҳо дар воқеъ дар китобҳои таърихи солҳои Шӯравӣ даст зада шудаанд. Дуввум, шояд баъзе аз ин раҳбарон мехоҳанд, ки ному нақши худро низ чун мудофеъи манфиатҳои миллӣ, дар шумори чеҳраҳои таърихии кишврашон гузоранд. Севвум, ба навиштаи таҳлилгар Пол Гобл, ин раҳбарон мекӯшанд, то ҳар гуна хатари даъвоҳои территориявиро ба зидди кишварашон ҷилавгирӣ кунанд. Пол Гобл норизоиятии Ниёзовро ба он даъвоҳо, ки макони пайдоиши миллати туркман хоки кунунии Туркманистон намебошад, ҳамин гуна арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи таҳлилгари Радиои Озодӣ, дар ҳар сеи ин маврид, баҳсҳо сари гузашта, дар асл, баҳс дар мавриди ҳозираву ояндаи кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG