Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осиёи Марказӣ: Ноамнӣ аз куҷо бармеояд ва бар зарари кӣ хоҳад буд?



Салими Аюбзод

БикЮ

Нооромиҳои рӯзафзуни ин ҳафта ба бисёриҳо, чи сиёсатмадорон, чи тоҷиру соҳибкорон ва ё таҳлилгарони сиёсӣ ишораи ин карданд, ки гумон аст, афтухезҳои хатарнок дар Осиёи Марказӣ ба ин зудиҳо аз байн бурда шаванд. Чунин шурӯъ мекунад таҳлили худро шореҳи хабаргузории Ройтарз ва меафзояд, хунрезиҳои ахир дар Сурхондарёи Ӯзбакистон ва Лайлоқи Қирғизистон ба рӯйдодҳои як сол пеши Бодканд шабоҳат доранд. Моҳи августи соли 1999 дар ин ҷо мусаллаҳони исломӣ се деҳаро ишғол карда, мардуми зиёд, аз ҷумла чаҳор заминшиноси ҷопониро гаравгон гирифтанд. Аммо пештар аз Бодканд, дар Тошканд моҳи феврали соли 1999 таркишҳои занҷиравие садо доданд, ки чандин нафарро ба қатл расонаднд. Ҳадафи таркишҳо, гуфта мешавад, президент Ислом Каримов буд, ки бо амри тасодуф аз марг наҷот ёфт. Пажӯҳандаи умури минтақа дар Маркази назорати хатарҳо Дейвид Левис мегӯяд, чунин навъи нооромиҳо метавонанд бозу бозу боз такрор шаванд. Ҳар қадар ки сарони минтақавӣ ба дин фишори зиёдтар биёваранд, ҳар қадар ки мардум қашшоқтар шавад, ба ҳамон андоза авзоъ бадтар шудан мегирад. Таҳлилгарони ғарбӣ, меафзояд Ройтерз, решаи мушкилҳои феълии минтақаро дар Афғонистон меҷӯянд ва ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Толибон аз меҳмондории гурӯҳҳои шӯришгари Осиёи Марказӣ хушҳол аст ва шояд ба онҳо мустақиман кӯмак мерасонад. Як шореҳи ғарбӣ мегӯяд, ин мардум, яъне шӯришгарон, ба ғайр аз Афғонистон дигар ҷои рафтан надоранд. Толибон дар навбати худ рад мекунанд, ки ба шӯришгарон паноҳгоҳ додаанд ва ё онҳоро содир мекунанд. Шореҳи Ройтарз бо такия ба таҳлилгарон вазъи минтақа менависад, аз эҳтимол дур нест, ки мақсади нооромиҳои ҳафтаи ахир нишон додани харҷи маблағҳое мебошад, ки гурӯҳҳои тундрав аз шабакаи исломии тундгароён дар хориҷа гирифтаанд. Нооромиҳо инчунин нишон медиҳанд, ки чӣ тавр гурӯҳҳои хурд метавонанд, муносибати миёни давлатҳои минтақаро вайрон карда, ба коҳиши робитаи миёни онҳо замина гузоранд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи наздик ин гурӯҳҳо ба сармоягузорони хориҷӣ ва моликияти онҳо рӯй оварда, ягона роҳи беҳбуди иқтисодии минтақаро низ барбод диҳанд. Қазоқистон бо захираҳои бузурги нафт, Туркманистон бо газ ва Ӯзбакистон бо тилову пахтаи худ бисёр ширкатҳои калони хориҷиро ба минтақа овардаанд. Дейвид Левис мегӯяд, имкон дорад, гурӯҳҳои тундрав, ки ҳоло бар зидди ҳукумати Ӯзбакистон нигаронида шудаанд, дар оянда ба ширкатҳои фавқулмиллӣ, дипломатҳои ғарбӣ ва сайёҳон низ ҳамчун ҳадафи муносиб бархӯрд кунанд. Чунончи, таркишҳои Тошканд, обрӯи ин ҷоро ҳамчун амнтарин шаҳри минтақа ба замин рехт. Ба гуфтаи таҳлилгари Ройтарз, нооромиҳои минтақа дар ниҳояти кор ба манфиати Русия хоҳанд буд, ки низ ба сарватҳои ин кишварҳо ва хоса захираҳои баҳри Хазар бо чашми ҳарис менигарад. Русия борҳо ҳукуматҳои минтақаро ба афзойиши фишор рӯи гурӯҳҳои сиёсии исломӣ даъват кардааст ва агар фурсати муносиб ёбад, аз нооромиҳо сӯиистифода хоҳад кард. Агар сарватҳои минтақа мисли ҳозира на ба беҳбуди вазъи аҳолӣ, балки ба сарватманд шудани афроди мансабдор сарф шаванд, ҳар андоза ки тангдастии мардуми бе ин ҳам бенаво зиёд гардад, ба ҳамон андоза ин тахмини эҳтимолӣ ба хатари ҷиддӣ ва амалӣ табдил меёбад.

XS
SM
MD
LG