Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коррупция: Падидаи рӯзмарра (Бахши 1)



Асколд Крушелнитскӣ

Кӯшиши муайян кардани фасод ба шарҳу тафсири дарахт монанд аст. Аксари мардум фасодро дарк мекунанд, аммо ташхиси дақиқи онро дода наметавонанд, зеро фасод шаклҳои хеле зиёд дорад.

Кӯшиши муайян кардани фасод ба шарҳу тафсири дарахт монанд аст. Аксари мардум фасодро дарк мекунанд, аммо ташхиси дақиқи онро дода наметавонанд, зеро фасод шаклҳои хеле зиёд дорад. Дар сатҳи содда фасод ҳаёти соҳибкорони хурд ва ё мардуми оддиро ҳангоми корафтодагии онҳо дар идораҳои ҳукуматӣ талх мекунад. Дар сатҳи болоӣ фасод маънои нест шудани садҳо миллион доллари давлат аз ҳисоби ғорати сарватҳои он ва саркашӣ аз андозсупориро дар бар мегирад. Дар силсилагуфторе, ки инак шурӯъ намудем, мо он навъҳои фасодро мавриди баҳс қарор медиҳем, ки аз тарафи аксарият ҳамчун падидаи аз байн барандаи пояҳои ахлоқии ҷомеа ва давлат шинохта шудаанд. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ фасод ин гуна ташреҳ гардидааст: Табоҳӣ, вайронӣ, бетартибӣ, зишткорӣ, фитна, саркашӣ, зоеъшавӣ, костан, нобудшавӣ ва ғайра. Ин тафсири фасод ба порахӯрии мансабдорони воломақоми ҳукуматҳо, сиёсатмадорон ва ҳатто сарони ҳукуматҳову давлатҳо, ки бо поймол намудани қоидаву қонунҳо сабабгори афзоиши камбағалӣ, пайдоиши нафрат ба демократия ва бозори озоди иқтисодӣ мебошанд, рост меояд. Дар баъзе ҳолатҳои фавқулодда дарёфти фарқ миёни ин қабил ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ниҳоят душвор аст. Чанде пеш дар Русия президент Владимир Путин шахсан ба масъалаи фасод рӯ оварда, баҳри коҳиши нуфузи ба истилоҳ олигархҳо талош варзид. Назар ба баъзе гузоришҳо олигархҳо ба таври ғайрирасмӣ болои мақомоти ҳукуматии ин кишвар таъсир дошта, аз имтиёзҳои гӯшношунид баҳрманд мебошанд. Дар Украина сарвазири собиқи ин кишвар бо иттиҳоми шустушӯи пулҳои аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда ба муҳокима кашида шуд. Дар навбати худ ӯ мегӯяд, ки президенти Украина ҳам дар фасод шарик аст. Дар Қазоқистон раҳбарони олимартаба бо он мутттаҳам мешаванд,ки дар муқобили имзои шартномаҳо бо ширкатҳои Ғарбӣ даҳҳо миллион доллар пора гирифтаанд. Чунин ҳодисаҳо дар Ҷумҳурии Чех, БЖулғористон, Полша ва дигар кишварҳои собиқ коммунистӣ ҷо доранд. Дар ҳамин ҳол монополияи фасод танҳо ба коммунисткишварҳои собиқ марбут нест. Ҳодисаҳои порахӯрии мансабдорони ҳадди болоӣ дар Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия ва Тайланд барин кишварҳои Осиёӣ низ мушоҳида мешавад. Президенти собиқи Индонезия Суҳарто ва дӯстону наздикони ӯ бо суиистифода ва аз худ намудани миллиардҳо доллар дар давраи сисолаи раёсатҷумҳурии номбурда муттаҳам мешаванд. Дар Чин даҳҳо раҳбари ҳизби коммунист исбот намуданд, ки барои онҳо тавсеаи ҷайби худ , нисбат ба тавсеаи ақидаҳои Марксу Энгелс қарибтар аст. Дар ин маврид метавон гуфт, ки истилоҳи фасод барои мамолики Африқо, Амрикои Лотин ва Ховари Миёна хуб шинос аст. Дар асри гузашта ва шояд оғози асри кунунӣ фасод, ва хусусан фасоди сиёсӣ, дар ҷомеаи ИМА низ мушоҳида мешуд. Соҳибкорони бузург барои ба даст даровардани фармоишҳои сохтмонҳо ба мансабдорони ҳукуматӣ пора медоданд. Вале бо гузашта айём фарзандҳову набераҳои ин соҳибкорон ба намунаи сарсупурдагӣ ба ҷомеа, инсондӯстӣ, адолат ва демократия табдил ёфтанд. Шореҳи БЖританиявӣ Адриан Лисгов оилаи Кенедиро мисол меорад:

"БЖа тасдиқи ин фикр метавон оилаи Кенедӣ эҳтимол машҳуртарин оилаи сиёсии оламро мисол овард. Оилаи Кенедӣ фаъолиятро дар байни як иттиҳоди касабаи шубҳаангез, ки аз тарафи Ҷой Кенедӣ бобои президент Ҷон Кенедӣ таъсис ёфта буд, оғоз намуд. "

Шореҳи БЖританиявӣ Адриан Лисгов ҳайати раҳбарии комиссияи Аврупоӣ, ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупоро, ки ду сол пеш бо иттиҳоми фасод водор ба истеъфо гардид, хотирнишон сохт. Милионҳо доллари барои беҳбуди соҳаҳои мухталифи кишварҳои нисбатан камбизоати Иттиҳодияи Аврупо тахсис дода шуда, дар ҷайби сиёсатмадорону соҳибкорони порахӯр гум мешаванд. Вале шореҳ Лисгов таъкид мекунад: Фарқ миёни порахӯрии кишварҳои собиқ коммунист ва мамолики Аврупои Ғарбӣ ин аст, ки фасод як факт, як бахши зиндагии кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳасту, дар Ғарб, одатан, иттиҳоми фасод маънии хатми карераи сиёсатмадор ва ё соҳибкори номбурдаро таҷассум мекунад. Вақтҳои ахир дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ иттиҳомот зиёд аст, ки ширкатҳои ғарбӣ барои дастёбӣ ба созишҳои хуб ба мансабдорони ин мамолик пора дода, ба истилоҳ фасодро ташвиқ мекунанд.





XS
SM
MD
LG