Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти муттаҳами воломақоми сербҳои Босния


Дар Сербия яке аз муттаҳамҳои асосӣ дар ҷиноятҳои низомӣ, ки мавриди пайгарди Додгоҳи низомии СММ қарор дошт, дастгир шудааст.
Стоян Зуплянин раиси хадамоти анмиятии сербҳои Босния дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бо куштори мусулмонону хорватҳо дар солҳои навадуми қарни гузашта муттаҳам мешавад.
Сухангӯи идораи додситонии ҷиноятҳои низомии Сербия гуфт, ки Зуплянинро дар давоми 72 сооат ба қароргоҳи додгоҳи СММ воқеъ дар шаҳри Ҳайг (Гаага)-и Ҳолланд интиқол медиҳанд.
Додгоҳи СММ аз боздошти Зуплянин хушҳол буда, умед дорад, ки се муттаҳам дигари воломақом: фармондеҳи низомии сербҳои Босния генерал Ратко Младич, пешвои сербҳои Босния дар даврони ҷанги шарҳвандӣ Радован Караҷич ва пешвои ошӯбгарони серби Хорватия Горан Ҳадҷич дастгир ва ба ихтиёри додгоҳи байналмилалӣ супурда мешаванд

XS
SM
MD
LG