Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарфу маънии мулоқоти Буш ва Меркел


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш мегӯяд, кишвараш ҳадаф надорад дар Ироқ пойгоҳи ҳарбӣ бунёд кунад.

Ҳарчанд дар гуфтугӯҳои президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш ва садри аъзами Олмон, Ангела Меркел ва куллан сӯҳбатҳои Буш бо дигар раҳбарони мамолики Аврупо, муҳимтарин масъалаҳои сиёсати ҷаҳонӣ, монанди баҳси ҳастаии Эрон, сулҳи Ховари Миёна, вазъи Афғонистон, тағйири иқлим, афзоиши нархи нафт, газ ва озуқа, ошуфтагии бозори пул ва ғайра баррасӣ мешаванд, ҳамаи тарафҳо бештар ба ояндае менигаранд, ки ба ҷои Буш каси дигар раисиҷумҳури Амрико мешавад.

Худи Буш низ инро ба хубӣ ҳис кардааст ва дар мусоҳиба бо "Таймс"-и Лондон рӯзи чоршанбе афсӯс хӯрд, ки ҷаҳониён дар симои ӯ каси ташнаи ҷангро мебинанд. Вай иқрор кард, ки корбурди вожа ва ибороте монанди "нобуд кардан", "мурда ё зинда" ва мисли инҳо ӯро ба чашми одамон марди ҷангҷӯ нишон додаанд.

Дар нишасти хабарии муштарак бо хонуми Меркел, Буш гуфт: "Ҳатмӣ нест, шумо корҳоро ба шеваи ман анҷом бидиҳед. Аммо шояд беҳтар буд, ки якум, ман баъд аз бесамарии дипломатия дар Ироқ аз лаҳну вожаҳои дигаре истифода мекардам. Ва дувум, ман ҷангро дӯст намедорам. Бо вуҷуди ин тасмими барканор кардани Саддом Ҳусейн тасмими дуруст буд."

Нашрияҳои Олмон дар пайванд бо сафари Буш аз сиёсати хориҷии ӯ интиқод карданд ва онро як такаббури пархошҷӯёнае номиданд, ки на танҳо симои Буш, балки эътибори ҷаҳонии Амрикоро тахриб кардааст.

Ҳатто худи Ангела Меркел, сарвазири Олмон, ки бо президенти Амрико равобити дӯстона бино кардааст, пинҳон надошт, ки интизори давраи пасобушист, ки аз моҳи январ сар мешавад. Вай гуфт, "ин охирин сафари ӯ ба Аврупост ва марҳилаи наве оғоз хоҳад ёфт."

Буш, ки пас аз Словения ба Олмон ва аз он ҷо ба Рум, Порис ва Лондон сафар дорад, гуфт, мехоҳад, барои президенти ояндаи Амрико зерсохтеро ба мерос бигузорад барои ҳалли муносиби барномаи ҳастаии Эрон ва бунёди давлати Фаластин. Вай аз сарони кишварҳое, ки ба онҳо сафар дорад, хостааст, дар ин масъалаҳо ба президенти ояндаи Амрико ҳамкории наздик дошта бошанд.

Дар ҳоле ки рӯзҳои оянда масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо Ҳавйер Солана бастаи нави пешниҳодҳоро ба дасти эрониён хоҳад супурд, Буш аз сарони Аврупо даъват мекунад, зидди Теҳрон таҳримҳои шадидтар ҷорӣ шаванд ва гузинаи ҳарбӣ низ дар мадди назар бошад.

Дар посух, раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод ба суханони ахири Буш пузханд зад ва гуфт, "давраи Буш ба поён расид ва ӯ нерӯе нахоҳад дошт, ки як сантиметр хоки Эронро низ тахриб кунад."

Буш дар ин байн талош дорад, тафовут дар мавзеъгириҳои Аврупо ва Амрикоро коҳиш диҳад. Аммо аз он ҷо ки ин сафари охирини президентии ӯ ба Аврупост, нашрияҳои Олмон ва Фаронса, аз ҷумла бархӯрдҳои лафзии ӯро бо сарвазири собиқ Герҳардт Шрӯдер ва президенти пешини Фаронса Жак Ширак ба ёд оварданд. Сарони Аврупо пас аз сабақи Ироқ хоҳони ҳалли ғайриҳарбии баҳс бо Эронанд ва барои ин мехоҳанд, ба Теҳрон фурсати бештар диҳанд. Ин ҷо ҳам тафовуте ҳаст, ки Буш дигар чунин фурсати бештарро надорад.

XS
SM
MD
LG