Пайвандҳои дастрасӣ

Қоҳир Расулзода – раиси ҳукумати вилояти Суғд гуфт, 3 нашрияи асосии ҳукуматӣ ба минбарҳои хушкгӯӣ мубаддал шудаанд.

Сабукдӯш шудани сардабирони нашрияҳои «Согдийская правда» ва «Суғд ҳақиқати» ахиран ба думболи интиқоди шадиди мақомоти Суғд аз заъфу якрангии ин нашрияҳо сурат гирифт. Қоҳир Расулзода – раиси ҳукумати Суғд дар ҷаласаи фаъолони вилоят дар бораи нашрияҳои сегонаи «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда» ва «Суғд ҳақиқати» гуфт, ки ин 3 нашрияи асосии ҳукуматӣ ба минбарҳои хушкгӯӣ мубаддал шуда, аз инъикоси мавзӯъҳо ва мушкилоти ҳукумат ва сокинон дур мондаанд.

Дар ҳоли ҳозир ҷаноби Расулзода ба мақоми сардабирии нашрияҳои ҳукуматии «Согдийская правда» ва «Суғд ҳақиқати» нафарони наверо пешбарӣ накардааст.

Мақомот дар тайи чаҳор соли ахир чаҳор маротибаӣ сардабирони нашрияи сегонаи «Ҳақиқати Суғд» - ро иваз карда ва ин навбат низ умедвор астанд нашрия хонданбоб ва бозоргир хоҳад гашт.

Аммо бахши умдаи рӯзноманигорон ва коршиносони Суғд ин иқдомҳои ҳукумати Суғдро беҳосил мехонанд.

Коршинос – Неъматуллоҳи Мирсаид мегӯяд, агар ҳукумат воқеан мехоҳад нашрияҳои таъсисдодаашро инъкосгари мушкилоти воқеии мардум ва ҷомеа бубинад, танҳо бо барканор кардани як сардабир ва ба ҷои вай таъин кардани нафарони дигар ин мушкил ҳал намешавад.

Аммо ба назари бархе дигаз аз коршиносон ва таҳлилгарон, иқдомҳои ҳукумати Суғд ба хотири он сурат мегирад, ки нашрияи сегонаи «Ҳақиқати Суғд» - ро ба сурати як минбари инъикосгари талошҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Суғд дар ҳалли мушкилоти афзояндаи сокинон ба майдон матбуот даровардан мехоҳад.

Рӯзноманигори мустақил -Тилав Расулзода бо ишора ба он ки нашрияҳои ҳукуматӣ аз маблағи буҷавӣ, яъне аз пули мардум нашр мешаванд, мегӯяд, дуруст нест ҳукумат онҳоро чун минбари таблиғотии худ истифода мебарад. Ба назари вай, ин гуна нашрияҳо наметавонанд хонандаву муштариро ба сӯи худ ҷалб кунад.

Дар ибтидои соли равон мақомоти Суғд бо ивази номи пешина нашрияи сезабонаи «Ҳақиқати Ленинобод» ба «Ҳақиқати Суғд» боз ҳам кӯшиш карда буд, ба маъниву муҳтавои он ба қавле рӯҳу ҷони тоза дамад ва аз қолаби хушкгӯиву расмигӯӣ раҳоӣ бахшад. Аммо бо гузашти ним сол маълум мешавад, ин ҳадаф ҳосил нашудааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳукумати Суғд нашрияи сегонаи «Ҳақиқати Суғд» ба забонҳои тоҷикиву русӣ ва узбакӣ бо теъдоди умумии 10 ҳазор нусхаӣ ҳафтае ду бор нашр карда, ба дасти обунашудагон мерасонад. Азбаски ин нашрияҳо аз маҳбубияти гарми хонандагон ва муштариён бархурдор нест, мақомот кормандони идораву муассисаҳои давлативу ҳукуматиро ба тариқи иҷборӣ ба онҳо обуна мекунад.

XS
SM
MD
LG