Пайвандҳои дастрасӣ

31 қурбонӣ бар асари ҳамлаи ҳавоӣ дар Афғонистон


Мансабдорони афғон мегӯянд, бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ дар шарқи Афғонистон 31 нафар ба ҳалокат расиданд.
Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ Земарай Башарӣ иброз дошт, ки ҳангоми ҳамлаҳои ҳавоӣ болои вилояти Пактико асосан ҷангҷӯёни хориҷӣ кушта шуданд. Вале вакили мардумӣ аз вилояти Пактико Холид Форуқӣ мегӯяд, ки аз байни фавтидагон ҳадди ақалл нӯҳ нафар мардуми осоишта буданд.
Форуқӣ меафзояд, зоҳиран ҳадафи ҳамла фармондеҳи ҷангҷӯён Мулло Муҳаммаднабӣ ва силоҳбадастони зери раҳбарии ӯ буданд.
Эътилофи байналмилалии таҳти фармондеҳии ИМА изҳор намуд, ки дар ин амалиёт чор фарди осоишта ва чанд ҷангҷӯй ба қатл расиданд. Ҳамчунон 12 силоҳбадасти дигар боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG