Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш: Бо Эрон аз роҳи дипломатӣ муомила мекунем...


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш мегӯяд, дар иртибот бо Эрон роҳи дипломатӣ дар ҷои аввал аст, вале "интихобҳои дигар низ дар рӯи миз" мебошанд.
Баъди мулоқот бо кантслери Олмон хонум Ангела Меркел дар канори Берлин Буш гуфт, дар муомила бо Эрон, ки аз иҷрои тақозои СММ дар мавриди таваққуфи бахши ҳассоси барномаи ҳаставиаш саркашӣ мекунад, мо имкони ҳалли дипломатии баҳсро дар ҷои аввал мегузорем.
Раисҷумҳури ИМА меафзояд:
" Интихоби аввали ман, дар ҳақиқат, ҳалли дипломатӣ мебошад. Тамоми интихобҳо дар рӯи миз мебошанд. Интихоби аввал ирсоли паёми мушатараки духӯра мебошад, ки бо роҳи пеш гирифтаи мамъурияти мо ҳаммаром аст, яъне агар шумо ба таври собитшаванда ғанигардонии уранро мутаваққиф кунед, инзивои шумо хотима меёбад".
Рӯзи сешанбе дар Словения раҳбарони ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо таъкид карданд, ки агар Эрон ғанигардонии уранро мутаваққиф накунад, онҳо аз СММ тавсеаи таҳрими Эронро тақозо менамоянд.

XS
SM
MD
LG