Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аҳдномаи ҳарбӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард


Думаи давлатӣ: Маҷлиси поёнии Маҷлиси қонунгузори Русия аҳдномаи тарҳрезии муштараки истифодаи нерӯ ба манфиати ҳар ду ҷониб (Русия ва Тоҷикистон)-ро тасвиб намуд.
Ба навиштаи хабаргузории Итар-Тасс ин созиш моҳи ноябри соли 2006-ум ба муддати 5 сол ба имзо расида буд. Бар пояи ин санад ниҳодҳои ҳарбии ду кишвар вазъи ҳарбиву сиёсиро таҳқиқ намуда, шумораи воҳидҳои ҷангии эътилофиро муайян мекунанд. Ба қавли Итар-Тасс истифодаи ин нерӯҳои эътилофӣ тибқи қонунгузории ҳар ду кишвар ба вуқӯъ мепайвандад.
Дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия ва гурӯҳи амалиёти марзбонони Русия мустақар мебошанд.
XS
SM
MD
LG