Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон куштори 11 сарбозашро маҳкум кард


Артиши Покистон ҳамлаи ҳавоиро, ки боиси куштори 11 сарбози ин кишвар дар марз бо Афғонистон гардид, маҳкум кардааст.
Ба гуфти низомиёни покистонӣ ҳамларо эътилофи зери раҳбарии ИМА роҳандозӣ намуд, ки "бидуни таҳрик" ба амал омада, аслан "номардона" аст.
Дар гузоришҳои пештара таъкид шуда буд, ки бар асари як амалиёти артиши Афғонистон ва нерӯҳои эътилоф бар зидди толибони ҷангҷӯй дар марзи Афғонистону Покистон 18 нафар, камаш 10 сарбози покистонӣ ва 8 толиб ҳалок шуданд.
Тибқи ҳамин гузоришҳо бархӯрд аз вилояти Кунори Афғонистон ба Покистон сироят кард.
Шоми сешанбе ҳукумати Покистон гуфт, эҳтимол ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ болои минтақаи бархӯрд оташ кушода бошад.
Эътилофи зери раҳбарии ИМА ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG